Иштирок ва суханронии сардори Академияи ВКД дар конференсияи байналмилалӣ
24-уми ноябри соли 2022 дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия 24-умин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Холатҳои экстрималӣ, низоъҳо, ризоияти иҷтимоӣ» дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар шакли видео-конференсия дар кори он сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ширкат намуда, бо маърӯза баромад намуд.
Аз ҷумла, сардори Академияи ВКД иброз намуд, ки конференсияи мазкур чун анъана солиёни дароз дар Академияи идоракунии ВКД ФР баргузор мегардад. Мавзӯи имрӯзаи интихобшуда актуалӣ буда, масоили чорабиниҳои оперативӣ ва дарозмуддатро барои таъмини амнияти миллии Россия дар бар гирифтааст. Барои даъват дар иштирок ва имконияти маърӯза намудан миннатдории хешро баён намуд.
Бояд тазаккур дод, ки амнияти миллӣ дар инкишофи босуръат ва муътадили дилхоҳ давлат нақши муҳим дорад. Дар ин асно вобаста ба мураккабии вазъи геополитикӣ дар давлатҳои пасошуравӣ ва интегратсияи онҳо дар доираҳои гуногун ин масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад.
Нақши муҳимро дар таъмини амнияти миллӣ доираи иттилоотӣ-рақамӣ мебозад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳолати иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, мудофиавӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намудҳои фаъолияти таъминкунандаи амнияти миллӣ таъсиргузор мебошанд. Солҳои охир ин раванди муҳим дар ҳамкории тарафайни давлатҳо дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ба назар мерасад.
Дар давоми маърӯза сардори Академия ба масоили мубрами ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, бо нуқтаҳои зерин ибрози андеша намуданд:
-набудани консепсияи ягонаи назриявии муҳити иттилоотӣ;
-набудани муносибати ягона дар муайянсозии муҳити иттилоотӣ;
-камбудиҳо дар тарз ва воситаҳои дастрасӣ ба захираҳои иттилоотӣ.
Дар фарҷом ба кори конференсияи мазкур сардори Академия комёбиҳои беназир таманно намуда, бори дигар тазаккур дод, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд дар густриши илму маълумот такони ҷиддӣ медиҳад.
Гузориши махсус: Асламов Б.С., Сафарова С.Н.