Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи хеле хотирмон дар хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Душанбе

хонаи п1Ҳамасола дар арафаю рӯзҳои ид ва ҷашнвораҳои миллӣ ҳайати афсарону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан аз ҷойҳое дидан мекунанд, ки барои дидорбинӣ, кӯмаку таваҷҷуҳ ва мулоқотҳо ниёз доранд.
Рӯзи 24 ноябр, дар Рӯзи ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., 30 нафар ҳайати омӯзгорон ва курсантон - дастаи ҳунарии Академияи ВКД зери роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД оид ба кадрҳо, полковники милитсия Шарифзода Мирзо ба «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе» ташриф оварданд.
Дар барномаи ташрифот ҳама чиз буд: зиёфати идона, суҳбати самимона бо бошандагони ин макон, табодули афкор бо касоне, ки бистарӣ ҳастанд, аз розу ниёз ва дили онҳо бохабар шудан, барномаи ҷолиби консертӣ ҷиҳати лаҳзае хотири онҳоро шод ва болида кардан ва ғайра.
Дар маҷмӯъ, ташрифи ҳайати Академияи ВКД дар ин рӯз ба иқоматкунандагони ин муассиса таассуроти зиёд гузошт ва хотирмон буд.х3
Директори Маркази мазкур Зарипова М.М. аз номи роҳбарият ва кормандон аз ин ташрифи кормандон Академияи ВКД хеле қаноатманд гашта ба Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ барои арҷгузорӣ дар пойдории арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба пиронсолон, изҳори сипос ва миннатдории самимии хешро баён кард.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...