Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар Академияи ВКД

01

Рӯзи 12-уми феврали соли 2018, дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода А.А. дар мавзӯи «Асосҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ» бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси Академия, муовинони сардорони ШВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ, кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД машғулияти назариявӣ гузаронид.

02

Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода А. иброз намуд, ки бо талошҳои шабонарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми хос ишғол намуда, пайваста рушд менамояд, бо хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу суботи комил пойдор буда, ВКД дар сафи пеши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор дорад.
Бахусус бо назардошти фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бояд дар ин самт кадрҳо дараҷаи тахассуси худро дар заминаи Академияи ВКД боз ҳам баланд намуда, ба машғулиятҳо назари ҷиддӣ намоянд, нозукиҳои фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва маданияти муоширати хубро бо шаҳрвандон аз худ намоянд, ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст назананд, дар пешгирии нашъамандӣ, терроризму экстремизм ва тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд.

03

Дар Академияи ВКД тамоми китобу дастурҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., оиди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мавҷуданд, танҳо аз шунавандагон талаб карда мешвад, ки онҳоро пайваста омӯхта, дар кори амалӣ устокорона истифода баранд, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳамеша ҳифз намоянд.
Шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар Академияи ВКД бо мароқи зиёд маърӯзаи пурмазмуни муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшоро дар мавзӯи «Асосҳои фаъолияти оперативӣ-ҷутуҷӯӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ» шунида, хулосаҳои зарурӣ бароварданд.

04

Дар фарҷоми дарс сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. иброз дошт, ки дар Академия тамоми шароитҳо муҳайё буда, профессорону омӯзгорони Академияи ВКД тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки курсҳои такмили ихтисосро дар сатхи баланди педагогикаи муосир ба роҳ монда, бо дониш ва маданияти баланди касбӣ шунавандагони курсҳои такмили ихтисосро ба мақомоти корҳои дохилӣ барои идомаи фаъолият гусел намоянд.
Машғулият дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, тамоми самтҳои ташкили кори оперативӣ ва этикаи корманди оперативиро дар бар мегирифт.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. – омӯзгорони Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...