Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами миллӣ ҳаме номусу нанги миллат аст...

4O6A0291

24-уми ноябри соли 2022 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники мустаъфӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин, дигар шахсони расмӣ ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

4O6A0281

Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Муборакқадамзода А.Н. тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро аз номи роҳбарияти вазорат бахшида ба ин санаи фархунда, Рӯзи Парчами миллӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ воқеан аз ибтидои ҳастӣ муаррификунандаи дилхоҳ давлату миллат дар арсаи ҷаҳон буда, барои доим партавафшон будани он дар тӯли таърих миллатҳои рӯйи олам ҷонбозиҳои зиёде намудаанд.

4O6A0308

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо ҳамчун аъзои комиҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дорои парчами миллии худ буда, он дирӯзи моро ба имрӯз мепайвандад ва миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик ба он арҷу эҳтиром мегузорад. Зеро ҳифзи парчам ва эҳтиром гузоштан ба он нишони ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ибтидои қабули Парчами давлатӣ ҳамеша онро муқаддас дониста, болафшон будани онро нишони зиндагии шоистаи хеш медонанд.

4O6A0186

Дар ҷараёни ҷаласа, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин баромад намуда, доир ба моҳияту мазмуни сиёсӣ ва аҳамияти таърихиву муқаддас будани Парчами давлатӣ ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки «Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла нисбати Парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст».
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хонадони сокинони мамлакат шаҳодати таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдорӣ арзёбӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...