Баргузор гардидани лексияи назариявӣ дар шакли он-лайн
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа, инчунин мувофиқи банди 2 Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул аз 24 апрели соли 2018 ва банди 4 Барномаи кории мақсаднок барои соли 2022, рӯзи 23 ноябри соли ҷорӣ дарси назариявӣ дар шакли лексия дар мавзӯи «Фаъолияти нозири минтақавии милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Деятельность участкового инспектора милиции в Республике Таджикистан) барои курсантони курси 4 Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки гузаронидани чунин чорабинӣ дар Академияи ВКД аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода, инчунин, сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода пурра ҷонибдорӣ гардида буд.
Ба ҳайси лектор - сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Нуралиев Содиқҷон Шарифович баромад намуд. Мақсади дарс - пайдо намудани тассавурот оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла, нозири минтақавии милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Миқдори дарси назариявӣ аз 80 дақиқа иборат буда, дар он масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, асосҳои ҳуқуқӣ, самтҳои фаъолият ва принсипҳои коргузории нозири минтақавии милитсия, вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии нозир, фаъолият оид ба додани ҳисобот дар назди ҷомеа, ҳамкории нозири минтақавии милитсия, амалигардонидани профилактикаи умумӣ ва инфиродӣ ва ғайра.
Қайд карда шуд, ки дар ҳалли вазифаҳои худ нозирони минтақавии милитсия ба ташаккули афкори ҷамъият дар бораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсири калон мерасонанд, боварии аҳолиро ба милитсия мустаҳкам менамоянд, фаъолияти нозирони минтақавӣ дар алоқаи бевосита ва доимӣ бо аҳолӣ сурат мегирад. Алоқа бо аҳолӣ чунон гуногун ва васеъ мебошад, ки онҳо хатто аз доираи масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ берун мебароянд.
Аз тарафи курсантон ва профессорону омӯзгорони Донишкадаи Барнаул ба лектор саволҳо оид ба мавзӯи лексия пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр