Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Он-лайн конференсияи илмии байналмилалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ: нигоҳи ҷавонон»

IMG 20221123 125311Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки рӯзи 1 августи соли 2016 байни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус ба имзо расида буд, 23 ноябри соли 2022 конференсияи илмии байналмилалӣ бо иштироки курсантон, шунавандагон, донишҷӯён ва магистрантон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ: нигоҳи ҷавонон» дар шакли он-лайн баргузор гардид.

Анҷумани илмиро муовини сардори Академияи ВКД Беларуссия оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Павел Владимирович Гридюшко ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиёни он сухани муқаддимавӣ пешниҳод намуд.
Дар конференсия курсантони курси 5-уми факултети № 2 Академияи ВКД фаъолона иштирок намуда, Наимов Усмонҷон Маҳмадсаидович - курсанти курси 5 факултети № 5-уми Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия бо маъруза дар мавзӯи «Киберҷинояткорӣ ва хусусияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Киберпреступность и ее особенности в Республике Таджикистан) баромад намуд.IMG 20221123 123102
Наимов У.М қайд намуд, ки фаъолияти ҳаётан муҳими ҳар як инсон имрӯз ба технологияҳои телекоммуникатсионӣ, ки тақрибан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ истифода мешаванд, вобаста мбошад ва ҷаҳон ба давраи нав - ҷомеаи иттилоотӣ дохил шуд. Рушди босуръати иттилоотонӣ боиси пайдоиши намудҳои нави ҷиноятҳо, аз қабили ҷиноятҳои компютерӣ, яъне, киберӣ гардид. Ҳамчун як зуҳуроти ҷиноятии нав ва нокифоя омӯхташуда, киберҷиноятҳо сазовори таваҷҷӯҳи махсус аст ва муносибати махсусро ба ҳалли ин масъала, ки барои инсоният хатарнок аст, тақозо менамояд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хусусан аз ҳама амалҳои қаллобон марбут ба истифодаи Интернети ҷаҳонӣ, ки аз манбаъҳои кушоди он технология барои сохтани ҳар гуна барномаҳо имконпазир аст, нигарон мебошад. Бо рахна кардани вебсайтҳо, ҷинояткорони киберӣ ба намудҳои гуногуни иттилоот, аз ҷумла, маълумоти махфӣ низ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Ҳамчунин, дар рафти конференсия проблемаҳои дигари мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, масъалаҳои муҳоҷират ва ғ., ки аз тарафи намояндагони муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД ҷумҳурии Беларуссия ва Федератсияи Россия пешниҳод шуда буданд, баррасӣ шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...