Озмуни забондонӣ дар Академияи ВКД
“Ҷавонони мо амиқ дарк кардаанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ муҳимтарин шарти омӯхтани илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои пешрафта ва робита бо ҷаҳони беруна мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаи омӯзиш ва рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Махсусан, нақш ва мақоми забони русиро дар фазои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан ба маврид аст.
Имрӯз сатҳи сифати таълими фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ ба талаботи низоми кредитӣ дар Академияи ВКД пурра ҷавобгӯ буда, як қатор пешравиҳо дар таълими ин фанҳо мавҷуданд.
Забонҳои русӣ ва англисӣ на танҳо дар доираи Барномаи таълимии омӯзиши забонҳо, балки дар шакли дарсҳои иловагӣ, маҳфили илмии курсантон (МИК), викторина, мизи мудаввар, озмуни забондонӣ, қироати беҳтарин бо забонҳои русӣ ва англисӣ ва дигар намудҳои омӯзиши забонҳо ба роҳ монда шудааст.
Баргузор намудани даври дуюми озмуни забондонӣ, аз фанни забони русӣ бо иштироки курсантони Академияи ВКД гувоҳи гуфтаҳои болост.
Озмунро бо сухани ифтитоҳи муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон оғоз намуда, дар бобати “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян менамояд, ибрози андеша намуд.
Озмун аз 5 номинатсия иборат буд. Ҳакамон ба ҳар як ҷавоби курсантон баҳогузорӣ намуда, ғолибони озмунро муайян намуданд. Курсантоне, ки дар даври дуюми озмуни забондонӣ, аз фанни забони русӣ ғолиб баромаданд сазовори мукофотҳо гардиданд ва роҳхат ба даври шаҳрӣ гирифтанд.
Фатҳуллозода Интизор, капитани милитсия