Соати тарбиявӣ: ҷашни Меҳргон
«Меҳргон яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон , иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, муаррифгари арзишҳои волои таърихии халқамон ба шумор меравад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлол умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи нақша - чорабиниҳои тарбиявии Шӯрои кураторони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири тарбияи ахлоқию маънавй, ҳисси хештаншиносию худогоҳии миллии ҷавонон ва баргузории соати тарбиявй ҷашни Меҳргонро дар доираи гурӯҳи таълимии 207 факултети рақами 2 ҷашн гирифтем.
Барои гузаронидани соати тарбиявӣ синфхонаи таълимии кафедра намуди идона дошт. Рӯзномаи девории «Ориён»-и гурӯҳи таълимӣ дар бораи ҷашни Меҳргон ва маҳбубияти он маводҳо чоп намуд. Овезаю плакатҳо аз қабили «Меҳргон – ҷашни фаровонист», «Меҳргон - иди дӯстию меҳру муҳаббат аст!», «Иди Меҳргон – ҷашни бузурги хусравон» толорро оро медод.
Дарси тарбиявиро бо суҳани муқаддимавӣ сарпарасти гурӯҳ, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ. оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони ба дарс даъватшударо бо ҷашни бузурги тоҷикон – Меҳргони файзбор табрику муборакбод намуданд. Дар рафти соати тарбиявй курсантони гурӯҳ Бердиёров Б. дар мавзӯи «Меҳрпарастӣ оини қадимтарини мардумони тоҷику форс», Ниёзов О. дар мавзӯи « Анъанаҳои ҷашни Меҳргон», Ҳусейнов М. дар мавзӯи «Меҳргон ҷашни саховату одамият» маърузаҳо қироат намуданд, ки аҳли гурӯҳ бо таърихи пайдоиш, ташаккул ва аҳамияти ҷашни Меҳргон, ҳамзамон, дар бораи шукӯҳу шаҳомати ҷашни Меҳргон дар кишвари азизамон шинос шуданд.
Сипас, ҳар як курсанти гурӯҳи таълимй дастовези идонаи худро ба маърази тамошо гузошт. Баъзеҳо шеърҳо дар васфи Меҳргону ифтихори Ватандорӣ, як қисми дигар сурату слайдҳо ва албому мусаввараҳои тасвирнамудаи худро ба шарикдарсон муаррифӣ намуданд, ки баёнгари ҷашни Меҳргон буданд. Дар охир ба корҳои эҷодии курсантон баҳогузорӣ карда шуд. Умуман, дарс хеле шавқовару пурмазмун гузашт.
Ниёзов Оламафрӯз,
Зарипзода Баҳром,
Бердиёров Бердиёр,
курсантони курси 2-уми Академияи ВКД