Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Академияи ВКД

DSC02380

22-юми ноябри соли 2022 дар Академияи ВКД, бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ», бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал - майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори босаодат ва сарбаландӣ таманно намуданд.

DSC02369

Бояд қайд намуд, ки дар кори конференсия, олимону муҳаққикон, омӯзгорон, аз ҷумла Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Парчам-рамзи миллӣ ва давлатдорӣ»., Абдурашитов Фозил Маматович-муовини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияяи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-рамзи Истқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»., Назарзода Носир Ҷобир - профессори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, д.и.ҳ., дар мавзӯи «Аз таърихи парчам ва парчамдории тоҷикон»., Бойзода ҷамшед Ҷумъабой - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, полковники милитсия, дар мавзӯи «Парчами давлатӣ рамзи ифтихори миллӣ»., Самиъзода Бахтиёр Салим - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Мақоми Парчам дар таърихи давлатдории тоҷион», бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

DSC02384
Дар суханронӣ ва баромадҳои мазкур қайд гардид, ки Парчам дар таърихи тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони миллати тоҷик аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишонаи миллӣ буданд, ки онро «Меҳроб» ё «Фарри Ориёӣ» меномиданд, ки ифодаи рамзи хуршед, покизагӣ, нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур- хок, об, оташ, ҳаво, ки асоси мавҷудияти оламро ташкил медиҳад, мебошад.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, пайдоиши Парчамро А. Берунӣ ба муборизаи Коваи Оҳангар ба муқибили зулму истибдод мансуб медонан, ки Парчами ӯ «Дирафши Ковиён» хонда шуд, ки аз се ранг: сурх, зард, бунафш иборат буд, ки имрӯз рамзҳои он дар Ливои (штандарти) Президенти Ҷцмҳурии Тоҷикистон акси худро ёфтаанд.
Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери Парчам мардуми ориёитабор на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башар, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Дар асри XX дар баробари Парчами давлати Шуравӣ Парчами ҶШС Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз мавҷудияти давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод. Дар асри гузашта зери ин парчам мардум ба сӯи корнамоиҳои бузург мерафтанд, миллионҳо фарзандони содиқи давлати Шуравӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан зери муқаддастарин Парчами давлат нисор карданд.
Пошхӯрии давлати Шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои собиқи он боис шуд, ки ҳар давлати мустақили миллӣ парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзӯву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Зеро Парчам, Нишон, Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлату давлатдорӣ буда, ифодагари соҳибихтиёрӣ, рамзи эҳтиром ва шинохти давлати мо аз ҷониби дигар миллату давлатҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, алалхусус мо кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур мебошад, ки ба моҳияту мазмуни сиёсӣ ва аҳамияти таърихиву муқаддас будани рамзҳои давлатӣ хамеша арҷгузорӣ намоянд.
Дар ин ҷода Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаврид қайд намудаанд, ки «Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, нисбати Парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст».
Дар анҷоми кори конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, натиҷаи озмӯни “Реферати беҳтарин”, ки бахшида ба 30 солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кафедра дар байни факултетҳои Академияи ВКД эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, аз номи сардори Академияи ВКД ба 3 нафар курсантон, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, бо “Сипоснома” сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки натиҷаи кори конференсияро дар шакли маводи чопӣ ба табъ расида, пешниҳодоти манзургардида бошанд коркард шуда, дар шакли алоҳида ба шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашр дастрас карда шаванд ва дар ҷараёни таълим аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.
Самиъзода Б.С., подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...