Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили “Рӯзи Президент” дар Академияи ВКД

315089024 673080841107098 6384153399904934116 n

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2022 дар майдончаи сафороии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ сурат гирифт. Баъд аз хондани Суруди миллӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар мавриди ин санаи муҳими рӯз баромад карда, дар анҷоми суханрониаш тамоми ҳайати шахсии Академияро табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматиашон муваффақиятҳо таманно кард.

315020310 673086047773244 1505402125761189481 n

Сипас, сухан ба доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-майори мустаъфии милитсия, сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зоир Ҷурахон Маҷидзода дода шуд. Муҳтарам Маҷидзода Ҷ.З., ки чанд ҳайат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар мавриди «Рӯзи Президент» ва «30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон» барои ҳозирин суҳбати самимона карда, хизматҳои садоқатмандона, ватандӯстона ва ҷоннисоркунандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои кишвару зиндагии хуррамонаи мо шабурӯз талош варзидааст, муфассал баён кард.
Дар қисмати дигари чорабинӣ дар асоси Қарори Шӯрои олимони Академияи ВКД хизматҳои арзанда ва созандаи профессор, генерал-майори милитсия З.Ҷ.Маҷидзодаро ба инобат гирифта, ӯро ба унвони ифтихории «Профессори фахрии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз намуданд.
Бо гузашти тантанавии идонаи афсарону курсантони Академия дар майдони сафороӣ чорабинӣ анҷом пазируфт.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...