Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12344Рӯзи 18-уми ноябр бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо факултети №4 Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Конфронси мазкур бо ҷалби олимону муҳақиқон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи иқтисод ва савдои ДДТТ, факултети 4 Академияи ВКД, намояндагони мақомотҳои Прокуратура, Суд, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва иштироки сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, омӯзгорон ва курсантони фаъоли факултети №4 Академияи ВКД баргузор гашт.
Конференсияи илмӣ-амалӣ бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич оғоз ёфт. Таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвар саҳифаи нави давлатдориро боз намуда, дар ҳақиқат тақдирсоз ва мақоми созандагиаш беназир аст. Бо туфайли ин Иҷлосия роҳи давлатдории мо ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ободӣ ва пешрафту тараққиёт муайян шуд, ки бо назардошти нақши сарнавиштсоз доштан, имрӯзҳо яке аз рӯйдодҳои бузурги таърихии миллати тоҷик аст.
Чорабинӣ таҳти раёсати номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сардори факултети №4-уми Академияи ВКД полковники милитсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода ҷараён гирифт. Дар коференсияи илмӣ-амалӣ 9 маърузаи илмиву таҳлилӣ, ки паҳлуҳои гуногуни ҷараёни Иҷлосияро шарҳу тавзеҳ медиҳанд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

12345
Ҳамин тавр мавзӯъҳои «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маърузаи иштирокчии иҷлосияи мазкур дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Сафар Эркаев;
- «Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ - заминаи рушди иқтисоди миллӣ» дар маърузаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикситон доктори илмҳои иқтисод Шарифзода Мумин Машокир;
- «Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаҳои таҳкими сиёсати хориҷии Тоҷикистон» дар маърузаи ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, доктори илмҳои таърих Усмонзода Аюб Ислом;
- «Нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон» дар маърузаи прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 3 Кабирзода Сафархон Ҷурахон;
- «Иҷлосияи тақдирсоз гардиши куллӣ дар рушди қонунгузории тоҷик» дар маърузаи сардори кафедраи факултети 4 Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Муҳаммадӣ Иззатулло Сайфулло;
-«Нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон» дар маърузаҳои сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода ва котиби маҷлиси судии суди вилояти Суғд Олимзода Шодруз Усмонӣ;
- «Рушди саноат дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикситон» дар маърузаи муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи иқтисод ва савдои ДДТТ номзади илмҳои иқтисодӣ Мирпочоев Далер Алиҷонович;
- «Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори устувори Истиқлолият ва давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маърузаи сардори факултети 4 Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта маърузачиён баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.IMG 9800
Тавре дар ҷараёни конфронс баён гашт аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар «Қасри Арбоб»-и ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 нафар вакили халқӣ аз 230 нафар ва қумондонҳои саҳроӣ, аз ҷумла роҳбарони мусаллаҳи Фронти халқӣ баргузор гашт. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон, 1 изҳорот, инчунин рамзҳои давлатӣ - Парчам ва Нишони давлатӣ қабул гардиданд. Вазифаи асосии Иҷлосияи мазкур интихоб намудани Сарвари давлат ва таъсиси ҳукумати босалоҳият буд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомӯш ва давлатро аз вартаи нобудӣ раҳонад. Дар Иҷлосия сарвари дурандешу оқиле таъин гардид, ки дар оянда бо амал ва сиёсати созанда дастоварди ин Иҷлосияи тақдирсозро нишон дода тавонист. Маҳз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби масъулиятноки роҳбарӣ гардиши куллиеро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба вуҷуд овард. Зеро ин абармард кишвари ҷангзадаро ба роҳи рушд равона намуда, ҳаёти осиштаро дар Тоҷикистон таъмин намуд.
Бо таъкиди далелҳои муътамад накши Иҷлосияи тақдирсоз дар таҳкими ваҳдати миллӣ, бозгашт ба роҳи конститутсионии низоми давлатдорӣ, қаҳрамониву ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалиро маърузачиён ба аҳли нишаст тафсир карданд.
Баромадкунандагон, ки дар ташкилу баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ саҳм гузоштанд бо Сипосномаи сардори раёсат ва туҳфа аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар хотима таъкид гардид, ки бо гузаштаи 30-сол нақши сарнавиштсоз доштани Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоёнтар гардида, минбаъд низ ҳамчун санаи таърихӣ китоби давлатдории тоҷиконро зиннат мебахшад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...