Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меҳнати шабонарӯзии кормандон қадрдонӣ гардид

OSH 6529

Ҳамасола гузаронидани рӯзҳои ҷашн дар Академияи ВКД шаклу шукӯҳи тоза ба бар карда сол ба сол гуногунмазмун ва пурмӯҳтаво мегарданд. Имсол низ рангоранг буд. Сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳозиринро ба рӯзи ҷашн табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ ва комёбиҳоро дар фаъолиятҳои хизматию ҳаёти шахсӣ таманно кард.

Баъдан чанд тан омӯзгорони Академия баромад карда заҳмату ранҷи шабонарӯзии кормандон ва фаъолиятҳои ниҳоди давлатиро баён ва тавсиф намуданд.
Бо эълон намудани фармоишҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафар кормандони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рутбаи “полковники милитсия” ва “подполковники милитсия” сазовор гаштанд.
Сипас бо дигар фармоишҳои ВКД подполковники милитсия Рузихонзода Санавбар Рузихон бо медали “Барои хизмати Шоён” дараҷаи 3 ва полковники милитсия Муҳиттдинзода Нуриддин Муҳитдин бо “Ифтихорномаи фахрӣ” бахшида ба “Рӯзи милитсия” сазовор гардиданд.

OSH 6506

Тибқи дигар фармоишҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд тан аз кормандон бо рутбаҳои “лейтенанти хурди милитсия”, “лейтенанти милитсия”, “лейтенанти калони милитсия” ва “капитани милитсия”сарфароз гаштанд:
Анварзода Адолат Анвар, сардори кабинети кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, Иброҳимзода Диловари Қурбонбек, муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, Раҳимзода Абдуҷалил Раҳим, муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, Ҳайдарзода Обидҷон Ҳайдар, нозир оид ба реҷаи махфии котиботи Академияи ВКД ҶТ ва Расулзода Маҳмадсаид Бобо, сардори кабинети кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3 Академияи ВКД ҶТ.
Мутобиқи фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д. и. ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, теъдоди 61 нафар курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи “сержанти милитсия” ва “сержанти хурди милитсия” ва теъдоди 24 нафар курсантон бо “Раҳматнома” бахшида ба “Рӯзи милитсия” сазовор гаштанд.
Инчунин барои хизматҳои тӯлонӣ ва бенуқсон дар мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми арзанда доштан дар таълиму тарбияи кормандони ҷавон, ҳамзамон бахшида ба муносибати «Рӯзи милитсия» собиқадорони Академияи ВКД: Салихов Муминшо Толеҳович, Ғуломов Мурод, Шонкиев Салим Чонаевич, Раҳмонов Искандарбек Нигматуллоевич, Сангов Мирзоалӣ, Аъзамов Шаҳобиддин Саъдуллоевич, Сафолов Ҷумахон Зардович, Ҷалмад Шамсимад, Ҷобиров Бобохон ва Шарипов Асадулло Хайруллоевич ба ҳар кадом кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Дар ин рӯз инчунин, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол Ғафур аз ҷониби роҳбарият ва коллектив ботантана ба нафақа гусел карда шуд.
Баромади дастаи ҳунарии таълимгоҳ чорабиниро пурмазмун сохт.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...