Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Ватан содиқона хизмат мекунем!

8575757Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаи нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва рушди истеҳсолот диққати ҷиддӣ дода шудааст.

Қайд гардидааст, ки ҷавонони даврони Истиқлол дар таҳсил, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар самтҳо боиси ифтихор мебошанд. Имрӯз ҳис карда мешавад, ки ҷавонон аз уҳдаи ҳама кору вазифае, ки дар наздашон гузошта шудааст ба хубӣ мебароянд ва ин нукта дар Паёми Пешвои миллат бо тантана садо дод. Ин боварии Сарвари давлат гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҷавонон то дараҷае арзандаи замонанд.
Ман ҳангоми мактабхониам ба намуди варзишҳои ҷопонӣ, аз ҷумла каратэ шавқ доштам ва ба тамрин мерафтам. Дар чандин мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, сазовори медалҳои тиллову нуқра шудам. Шавқам, ки ба варзиш зиёд буд, баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и н.Ёвон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудам. Ҳоло курсанти курси 4-уми факултети №2 мебошам. Дар соли дуюми хониш аз ҷониби сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба он мушарраф шудам, ки ба ман барои хониши хубу аъло рутбаи “сержанти хурди милитсия” ва чандин раҳматномаю ифтихорномаҳо тақдим намуда шуд.
Ин маро водор мекунад, ки боз ҳам дар хондану рафтор намуна бошам. Зеро Пешвои миллат дар ҳама суҳбату вохӯриҳояшон бо сокинони ҷумҳурӣ дар бораи ҷавонон бо таваҷҷуҳи хоса сухан мегуянд. Мо - ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бояд ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат бо ҳисси ватандӯстӣ, дониши хубу аъло, рафтору гуфтори нек ҷавоб гардонем. Бо бовариву сарфарозӣ мебояд гуфт, ки чунин имконият ва бахти баланд духтаронро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ насиб гардидааст.
Ҳасенова Олуфтамоҳ Латифовна, курсанти курси 4-уми Факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...