Баргузор гардидани лексияи назариявӣ дар шакли он-лайн
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа, инчунин мувофиқи банди 2 Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Барнаул аз 24 апрели соли 2018 ва банди 4 Барномаи кории мақсаднок барои соли 2022, рӯзи 17 ноябри соли 2022 дарси назариявӣ (лексия) дар мавзӯи «Шартҳои асосии пешбурди тафтиши пешакӣ дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Общие условия предварительного расследования по УПК Республики Таджикистан) барои курсантони курсҳои 4 ва 5 Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки гузаронидани чунин чорабинӣ дар Академияи ВКД аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода, инчунин, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода пурра ҷонибдорӣ гардидааст.
Лектор - сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Арипов Анвар Лутфиллоевич буда, мақсади дарс - пайдо намудани тасаввурот дар бораи шартҳои асосии тафтиши пешакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Миқдори дарси назариявӣ аз 80 дақиқа иборат буда, дар он масъалаҳои гуногун вобаста ба мавзӯи лексия баррасӣ гардиданд, аз ҷумла, оид ба пешбурди ҳатмии тафтиши пешакӣ, тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, оғози пешбурди тафтиши пешакӣ ва анҷоми он, муҳлати пешбурд ва ғайра.
Ҳамчунин, аз тарафи курсантон ва профессорону омӯзгорони Донишкадаи Барнаул ба лектор саволҳо оид ба мақомоти тафтиши пешакӣ, барқарор намудани парвандаи ҷиноятӣ, ваколатҳои прокурор ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, нақши суд/судя дар тафтиш, инчунин, риоя намудани принсипи қонуният ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар рафти тафтиши пешакӣ ва масъалаҳои парвандаи ҷиноятии электронӣ ва нақши IT-технологияҳо дар мурофиаи ҷиноятии ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон