Семинари илмӣ-назариявии академиявӣ дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Бо мақсади амалӣ намудани банди 39 фасли 4 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва бо мақсади дарку фаҳм ва баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва сайқал додани савияи дониши курсантон дар таърихи 16-уми ноябри соли 2022 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи номбурда семинари илмӣ-назариявии академиявӣ дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Каримзода У.К., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад Саъди Абдураҳмон, сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Арипов А.Л., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., ходими илмии ШТИ ва ТН, лейтенанти милитсия Мирзоев М. М., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2, н.и.ҳ., майори милитсия Заробидинзода С.З., омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ Солеҳзода Ф.Ф., Ғ.Н. Қодирзода, С.И.Ҷалолзода, Маҳинаи Нуралӣ, Қурбонзода Ҷ.Ғ., Иброҳимзода Д.Қ., ҳамзамон роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон» лейтенанти калони милитсия Фахридинзода Ҳ.С. ва аъзоёни маҳфили илмӣ курсантони курсҳои 1, 2, 3, 4, 5-и факултети №2, 6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Семинари илмӣ-назариявии академиявӣ бо сухани ифтитоҳии сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., оғоз гардид. Мавсуф ҷамъомадагонро ба муносибати санаи таърихиву тақдирсози миллат – «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта, вобаста ба махсусияти ин ҷашнвора ибрози андеша намуд.
Сипас, маърӯзачиён ботартиб дар мавзӯъҳои мухталиф Ҷалолзода Сорбон - муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фахридинзода Ҳамза - муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Шакли идоракунии Президентӣ ва хусусиятҳои он», милитсияи қаторӣ Назаров А.У. курсанти курси 3-юм, гурӯҳи таълимии 302, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо», милитсияи қаторӣ Самиъзода К.С. курсанти курси 5-ум, гурӯҳи таълимии 501, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; милитсияи қаторӣ Ҷалолзода Қуваталӣ курсанти курси 3-юм, гурӯҳи таълимии 301, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия»; милитсияи қаторӣ Муродов С.М. курсанти курси 2-юм, гурӯҳи таълимии 206, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навин»; милитсияи қаторӣ Зарипзода Б.С. курсанти курси 2-юм, гурӯҳи таълимии 210, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; милитсияи қаторӣ Абубакри Аҳрорӣ курсанти курси 2-юм, гурӯҳи таълимии 209, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Мақоми Президент ва ваколатҳои он»; милитсияи қаторӣ Шарифов Манучеҳр курсанти курси 1-ум, гурӯҳи таълимии 105 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Қироати шеър дар васфи Пешвои миллат»; милитсияи қаторӣ Саторзода Дилшод курсанти курси 1-ум, гурӯҳи таълимии 105 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Қироати шеър дар васфи Пешвои миллат» баромад карданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ паҳлӯҳои гуногуни ин санаи бағоят таърихӣ – рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши шакли идораи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон саҳми Пешвои муаззами миллат дар эҳё ва эъмори давлатдории навини тоҷик баррасӣ гардида, таъкид гардид, ки ин санаи таърихӣ барои наслҳои имрӯзу оянда сабақи ибрат ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар баробари дигар ҷашнвораҳои кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар охири семинар аз ҷониби курсантони курси якум дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат гардид.
Ҳамин тариқ, дар интиҳои чорабинӣ иштирокдорон аз баргузории чунин як семинари илмӣ-назариявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз рафти он баҳраманд гардида, ибрози сипос намуданд.
Фахридинзода Ҳ.С., роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон», муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ- ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия