Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти хотирмон бо генерал-майори мустаъфии политсияи Россия дар Академияи ВКД

image-15-11-22-10-29

Рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо генерал-майори мустаъфии политсияи ВКД Федератсияи Россия Нумонов Хуршед Ишонқулович, ки барои дидорбинӣ ба назди пайвандону наздиконаш омада буд, баргузор гардид.
Меҳмони олиқадрро сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо муовинонаш истиқболи гарм намуд. Баъд аз тамошои ҳудуд, синфхонаю толорҳои ҳозиразамон ва осорхонаи Академияи ВКД дар толор вохӯрии хотирмон доир гашт.
Дар баромадаш ба истиқболи меҳмон сардори Академия, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ қайд кард, ки: «Муҳтарам ҳозирин, меҳмони гиромиқадр, ҳайати профессорону омӯзгорони Академия, имрӯз, дар меҳмонии мо, Нумонов Хуршед Ишонқулович – генерал-майори политсия дар истеъфои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ кору фаъолият намуда, айни замон дар нафақа қарор доранд, ба ҳузури мо ташриф овардаанд.
Хуршед Ишонқулович бори дигар хуш омадед ба Ватан!

image-15-11-22-10-29-1

Ба самъи ҳозирин мерасонам, ки Хуршед Ишонқулович ба ватани аҷдодии хеш барои дидорбинӣ бо хешу наздикон, дӯстону ҳамкорон, зиёрати оромгоҳи гузаштагон омаданд ва ҳамзамон, даъвати моро ҷиҳати суҳбат намудан бо ҳайати профессорону омӯзгорон қабул намуда, вақти пурқимати худро дареғ надоштанд ва имрӯз назди мо омаданд.
Ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки Хуршед Ишонқулович на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки берун аз он низ пазируфта шудаанд ва ҳамчун нафари ғамхори миллат ёрии хешро ба наслҳои ҷавон дареғ намедоранд.
Чи тавре ки мо огоҳӣ дорем, ҳангоми ба сифати профессор фаъолият намуданаш дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, Хуршед Ишонқулович фиристодагони мо – устодони Академияро, ки дар таҳсил қарор доштанд, дастгирӣ менамуданд ва ҳамчун устоди ғамхор роҳбаладӣ карда, тавсияҳои муфид ва саривақтиро ба адъюнктон-ҳамватанон дареғ намедоштанд, ки ин гуфтаҳо сирф ба фарзандони бонангу номуси Ватан хос аст.
Дар бораи Хуршед Ишонқулович суханҳо зиёд ҳастанд ва мо ин имкониятро ба эшон медиҳем. Аз ин дидорбинӣ ва суҳбати ташкилшуда Хуршед Ишонқулович мо ҳам хурсандем ва миннатдории хешро бори дигар мерасонем».
Меҳмони олиқадр ба ҳозирин рӯ оварда бори дигар муфассалтар ҳаёту фаъолияташро ба хотир овард ва аз фаъолиятҳои хизматӣ, корӣ, иштирокаш дар амалиётҳои махсус ҳангоми ифои хизмат дар Ҷумҳурии Афғонистон, сафарҳои хизматиаш дар ҳудуди Федератсияи Россия нақлҳои ҷолиб намуд.
Генерал-майори мустаъфии политсияи ВКД Федератсияи Россия Нумонов Хуршед Ишонқулович, хусусан ба насли навраси дар толор ҳузур дошта таваҷҷуҳ зоҳир намуда бисёр панду насиҳатҳои аз падари шодравонаш, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Нӯъмонов Ишонқул Усмонович, ки қиблагоҳаш солҳои тӯлонӣ сарварии Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, ёдовар шуд.
Таъкидҳои падарашро дар ҳама ҷое, ки буд асло фаромӯш намекард. «Писарам! Дар куҷое, ки фаъолият намебарӣ, фарҳангу забони аҷдодиатро асло фаромӯш макун! Ва дар ҳама ҷо садоқатмандона меҳнат карда, бо ивази заҳмату ранҷат ба мартабаҳо ноил шав,- мегуфт падараш. Ва дар ҳама нуқот фаромӯш накун, ки ту кӣ ҳастӣ!
Маҳз, ҳамин буд, ки Нумонов Хуршед Ишонқулович дар тамоми ҷойҳои хизматаш сарбаландона вазифаҳояшро ба иҷро расонида соҳиби мукофотҳо гаштааст. Ва албатта хизматҳои ин шахсият дар хориҷ номи миллату Ватани моро низ боло бурдааст.
Нумонов Хуршед аз тоифаи аҳли зиёиёни тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ, Толиб Шаҳидӣ ва дигарон буда, аз авлодаш ягона шахсест, ки ба дигар роҳ рафтааст ва хизматро дар сафи милитсия ва политсия пешаи худ кардааст ва аз ин интихобаш пушаймон ҳам нест!
Мо низ аз ҳамаи ҳамватаноне, ки дар хориҷ буда, ба мартабаҳои баланд мерасанду бо Ватан ҳастанд ва дар ободии ин Ватан ҳамшариканд ҳамеша ифтихор дорему ифтихор мекунем!
Меҳмони гиромӣ ваъда дод, ки барои шогирдон якчанд машғулиятҳо мегузаронад.
Муваффақиятҳо ҳамеша ҳамсафаратон бод Нумонов Хуршед Ишонқулович!

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...