Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз Академияи ВКД
Дар остонаи Иди касбии кормандони милитсия Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Академияи ВКД ташриф оварда, аз вазъи таълиму тарбия дар ин боргоҳи таълимӣ аз наздик шинос шуда, дар назди ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантон суханронӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии Академияро ба муносибати Рӯзи милитсия самимона табрику таҳният намуда, ба онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно кард.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии кишвари маҳбубамон беҳтар гашта, барои насли ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд.
Мавсуф аз саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза алайҳи шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ ёдовар шуда, аз кормандон ҳушёрию зиракиро талаб намуд.
Дар хотима ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии фанни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Осорхонаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид.