Баргузории семинар-машварат дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбати ноболиғон»
8-уми феврали соли 2018, тибқи иҷроиши бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо оид ба тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-901 аз 7-уми июни соли 2017 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбати ноболиғон» доир гардид.
Дар семинар-машварат сардори кафедраи мазкур, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, подполковники милитсия Ҳалимзода Д.Д., дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Хайруллоев Ф.С. ва шунавандагони курси такмили ихтисос аз ҳисоби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбати ноболиғон фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Ҳалимзода Д., сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, подполковники милитсия.