Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи тақдирсоз ва бунёди давлатдории миллӣ

9-уми ноябри соли 2022 дар Академияи ВКД конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Аз Қасри Арбоб то Қасри Миллат» бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ шоирону нависандагон, ҷавонони фаъол, роҳбарияти ВКД, Академия ва курсантони ин боргоҳи илм иштирок намуданд.

0111

Чорабиниро роҳбарияти Академияи ВКД бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, иброз доштанд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар он зоҳир мегардад, ки дар ин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сарвари давлати тоҷикон интихоб гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ узви шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раҳимзода Муҳаммад Забир, раиси бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротов Баҳрулло ва номзади илми фалсафа Сафаров Сайфулло Садуллоевич вобаста ба нақши Иҷлосияи таърихи дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории тоҷикон андешаҳои худро иброз доштанд.

0112

Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Маҳз бо шарофати он ва таҳти сиёсати оқилонаи Пешвои миллат мо ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

0113

Дар анҷоми чорабинӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ як қатор ҷавонони фаъол, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаву Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Баъд аз анҷоми кори конференсия ҷавононе, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳим ба пойтахт ташриф оварда буданд, аз боғҳои фарҳангии пойтахт, маҷмааи Истиқлол ва корхонаҳои саноатии пойтахт дидан карданд.
Абдулло Шоҳиён, Дилшод Холов, кормандони РОПҲНҶ ВКД ҶТ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...