Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо падару модарони курсантон

IMG-20221101-WA0055Дар доираи татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи милитсия», Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, инчунин ҷиҳати амалигардонидани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. санаи 1 ноябри соли 2022 вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо волидайни курсантони курси 5 факултети №2 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. оғоз намуда, зимни суханронӣ зикр намуд, ки баланд бардоштани савияи дониши курсантону шунавандагон пайваста зери назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ иброз карданд, ки ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани савияи дониши курсантон кӯшиш ба харҷ диҳем.IMG-20221101-WA0050
Бояд таъкид намуд, ки амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахасисони баландихтисос бе иштироки фаъолонаи Академия ва падару модарон ва ё намояндаи қонунии донишҷӯён ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, роҳбарияти Академия ба Шумо ҳозирини гиромӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорад, ки бо роҳбарияти факултет, кураторони гуруҳҳои таълимӣ ва курси воҳиди таълимӣ-низомӣ пайваста дар тамос шуда, аз рафти иштирок ва давомоти фарзандонатон бохабар гардед.
Дар давоми вохӯрӣ аз ҷониби сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. оид ба давомоти курсантони курси 5 факултети №2 ба самьи волидайн маълумот расонида шуд. Инчунин, таъкид карда шуд, ки бо супориши сардори Академияи ВКД айни ҳол аз ҷониби кураторони гуруҳҳои таълимӣ дар шабакаи иҷтимоии «Ватсап» гуруҳ ташкил карда шудааст, ки пайваста ба он маълумот оид ба давомоти курсантони гуруҳ ирсол карда мешавад. Падару модарон метавонанд аз он истифода намуда аз давомоти фарзанди худ бохабар гарданд. Аз ин лиҳоз падару модарон фаъолона бояд ба ин гуруҳҳо пайват шаванд ва ё ҳангоми надоштани имконият дар самти истифодабарии телефонҳои имконияташон васеъ тариқи занг задан маълумоти заруриро дар дилхоҳ маврид дастрас намоянд.
Дар давоми вохӯрӣ, баъзе аз волидайни курсантон ба сухан баромада саволҳо пешниҳод намуданд ва ба роҳбарияти Академияи ВКД барои таълиму тарбияи фарзандонашон ва ташкили ин гуна вохӯриҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ ба волидайни курсантоне, ки бо баҳои хубу аъло дар Академия таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи гуногун фаъолона ширкат варзиданд ,аз ҷониби роҳбарияти Академия «Сипоснома» тақдим карда шуд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...