Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар ҷамъбасти он Абдуҷабборзода Худойдод-курсанти курси якуми факултети №2 Академияи ВКД дар «Номинатсияи сарояндагӣ» ба муносибаи 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовори ҷои дуюм ва барандаи Озмуни мазкур гардида, бо имзои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба «Диплом» мушарраф гардид.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академия Абдуҷабборзода Худойдодро бо ин дастоварди муҳим табрику муборак бод намуда,ба ӯ дар ин ҷода комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ орзуманд мебошанд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.