Ширкати омӯзгорону курсантони Академия дар конференсияи байналмилалӣ
28 октябри соли 2022 дар Донишгохи славянии Россия-Тоҷикистон конференсияи 10-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Национальная правовая система Республики Таджикистан и стран СНГ: анализ тенденций и перспектив развития» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктура полковники милитсия Асламов Б.С. ва 16-нафар курсантони факултети №2 фаъолона ширкат намуданд.
Дар бахши кори сексионии конференсия ходими калони илмии шуъбаи адъюнктура полковники милитсия Асламов Б.С. бо маърӯза дар мавзӯи «Геополитическая безопасность Республики Таджикистан: некоторые политико-правовые основы и перспективы её развития» баромад намуд. Маҷмӯи маърӯзаҳои кори конференсия нашр гардиданд.
Шуъбаи ташкилӣ илмӣ ва шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ