Пешгирии зӯроварӣ дар оила омили устувории оилаҳо
27 октябри соли 2022, дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва курсантон бахшида ба мавзӯи «Роҳ ва усулҳои муосири мубориза оид ба зӯроварӣ дар оила» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р., оғоз гардида, дар он охирон дар ин мавзӯъ фикру ақидаи хешро ба иштирокчиён иброз намуд.
Сипас, сухани навбатӣ ба муовини роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ “Гулрухсор» Ишанова Шафоат Исматовна дода шуд, ки он кас дар мавзӯи “Нақши ташкилоти Гулрухсор доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ибрози ақида намуда дар амалия чигуна ҳодисаҳо содир мешавад, нақл кард. Сипас муаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, майори милитсия Муҳаммадзода Н., дар мавзӯи “Оила асоси ҷомеа” баромади пурмӯҳтаво намуд. Доир ба ин мавзӯъ курсанти курси панҷум, сержанти хурди милитсия Каримова М., баромад карда оид ба муаммоҳое, ки дар ин соҳа вуҷуд дорад, ибрози ақида кард.
Ба маърӯзачиёни зикргардида устодон ва курсантон саволҳои мушаххас дода ба онҳо посух гирифтанд.
Иштироккунандагон ба роҳбарияти факултет ва устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ изҳори миннатдорӣ намуда қайд карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи дониши курсантон нақши муҳим мебозад.
Муҳаммадзода Н.М., муаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.