Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани семинари илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

image-28-10-22-09-29

24 октябри соли 2022 дар толори асосии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташаббуси бо роҳбарияти Академия ва шуъбаи таълим ташкил ва баргузор гардид.

Дар семинар директори маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷаб ва нозири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии маркази номбурда, Нодиров Бой Юсуфович иштирок намуданд.
Дар асоси барномаи чорабинӣ Мирзозода Р.Р. дар мавзӯи «Ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаҳои асосии ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ», подполковники милитсия Абдулаҳадзода Абдулвоҳид сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2, дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои низоми кредитии таҳсилот» баромад намуданд.

image-28-10-22-09-29 1
Маърузачиён дар баромадҳои худ бештар ба масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф, ба монанди ташкили муассиаҳои таълимии типи нав, соҳавӣ ва марказҳои таълимӣ-омӯзишӣ, татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ, элементҳои асосии воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, ки ба принсипҳои раванди болонӣ шомиланд, диққати ҷиддӣ доданд.
Пас аз баромади пурмуҳтавои маърузачиён ҳайати профессорону омӯзгорони Академия саволу ҷавоб дар мавзӯҳои болозикр намуда, андешаҳои худро иброз карданд.

Муовини сардори шуъбаи
таълими Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия Аҳтамшозода С. А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...