Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми байналмилалӣ дар шакли онлайн

IMG 20221020 120717 1

20 октябри соли 2022 сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар Форуми байнанлмилалӣ дар мавзуи «Трансформатсияи рақамии системаи ВКД Россия», ки ташкилкунандаи он Академияи идоракунии ВКД Россия буд, иштирок намуд.

Дар Форум роҳбарони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Россия, мутахассисон ва намояндагони илмии муассисаҳои таҳсилоти олии системаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Казокистон ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ оид ба илм ва техника Россия иштирок доштанд.
IMG 20221020 121129

Самтҳои кори Форум васеъ буда, масъалаҳои гуногун дарбар гирифт, аз қабили: асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ; идоракунии ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ; хатарҳои трансформатсияи рақамӣ; консепсияи трансформатсияи рақамии системаи Вазорати корҳои дохилии Россия то соли 2030; ташкил ва банақшагирии трансформатсияи рақамӣ ва ғайра.

фот-1

Дар баромади худ сардори Академияи ВКД Тоҷикистон Ф.Р. Шарифзода таъкид намуд, ки тамоюлҳои муосири рушди ҷомеа ва давлат тағйироти сохтори системаи ҳифзи ҳуқуқро ба хатару таҳдидҳои ба вуҷудомада мувофиқ бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба талаботи нави таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва суботи иҷтимоӣ тақозо менамояд. Тағйироти ҷараёндошта дар муносибатҳои иҷтимоӣ дар шароити рақамисозии миқёси васеъ боиси дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки муҳиммтарин ҷузъи низоми идоракунии давлатӣ ва заминаи рушди устувор ва бехатарии ҷомеа мебошанд, ба миён омадани вазифаҳои нав мегардад, Бинобар ин, масъалаҳое, ки дар форум баррасӣ мешаванд, аҳамияти калон доранд ва ҳалли онҳо имкон медиҳад, ки сифати хизматрасонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беҳтар намуда, боварии шаҳрвандонро ҳам ба низоми ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам ба ниҳодҳои ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроияи давлатро мустаҳкам мекунанд.

Инчунин, дар рафти форум бо баромадҳо муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Р.Р. Раҳмадҷонзода, муовини сардори Академияи ВКД оид ба кадрҳо, унвонҷӯи Академияи идоракунии ВКД Россия, полковники милитсия М.С. Шарифзода, сардори кафедраи факултети № 6 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия З.П. Ҳайдарзода иштирок намуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...