Маросими хатми курси «Малакаи роҳбарӣ»
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъол гардонидани нақши занон дар идоракунии давлатӣ ва дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №204 аз 24 апрели соли 2022 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030”, бо дастуру супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 3 октябр то 15 октябри соли 2022 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандзанони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Малакаи роҳбарӣ”, курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаронида шуд. Ҳадафи асосии курси мазкур амалигардонии ҳадафҳои гузошташуда, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Ҳангоми вохурӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзали Раҳмоналӣ, бо хатмкунандагони курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос бо кормандзанони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пайваста такмил додани сатҳи донишу малакаи корӣ, рушди малакаи роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, маърифату фарҳанги баланди муошират, сӯханварӣ, ахлоқи ҳамида хеле муҳим арзёби намуданд. Ҳамзамон пас аз хатми курси мазкур, рузи 15 октябри соли 2022 ба кормандзанони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Малакаи роҳбарӣ”, “Шаҳодатнома”-ҳо супорида шуданд.