ВОХӮРИИ СУДМАНД БО КУРСАНТОНИ КУРСИ 5-УМ
Санаи 14– уми октябри соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р.,бо курсантони курси 5-ум баргузор гардид. Дар вохурии мазкур роҳбариятӣ Академия, сардорони факултетҳо ширкат намуданд.
Сардори Академияи ВКД вохурии мазкуро оғоз намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Аз ҷумла, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, вазъи кунунии давлати Афғонистон ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта бо таври содаву равон иброз дошт.
Ҳамчунин қайд намуд, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву адолатпарварӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, таъриху адаби пурифтихори миллати тоҷик моро аз ин хатарҳо эмин медоранд.
Дар фарҷоми сухан сардори Академия, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба командирони гурӯҳҳои таълимӣ дар самти таъмини риояи интизоми хизматӣ, бо баҳои хубу аъло хондан, ба забономӯзӣ диққати махсус зоҳир кардан ва бо таври мунтазам ба варзиш машғул шуданд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.