Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии сардори Академияи ВКД бо волидайни курсантони факултети №6

OSH 3996

Дар доираи тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», Оинномаи Академияи ВКД, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохлилӣ вохӯрии навбатии роҳбарияти Академияи ВКД бо волидайни курсантон оид ба таълиму тарбия, робитаи волидайн бо Академия баргузор гардид.
Вохӯрии мазкурро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. кушода, зимни суханронӣ зикр намуд, ки рӯз то рӯз шароити таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академияро бо тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи замони муосир сохта ба истифода доданд, ки ин моро водор месозад тамоми саъю кӯшиши худро ба хизмати софдилона равона намоем. Волидайни азиз, Шумо худ шоҳид гаштед, ки фарзандонатон дар шароити беҳтарини замони муосир таълим гирифта истодаанд. Моро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таълим ва тарбияи фарзандони Шумо вазифадор намудааст, аммо шумо низ бояд нисбати таълим ва тарбияи дурусти фарзандони хеш муносибати ҷиддӣ намоед.

OSH 4039

Ҳамчунин сардори Академия дар баромади худ аз суханронии Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иқтибос оварда чунин қайд намуд, ки: “Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем. Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд”.
Ҳамзамон сардори Академия аз манъи истифодабарии телефони мобилӣ дар Академия ёдовар шуда, қайд намуд, ки истифодаи телефони мобилӣ дар дохили Академия манъ гардидааст. Аммо баъзе аз фарзандони шумо талаботи ин фармон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вайрон мекунанд, ки мо нисбати онҳо ҷазоҳои интизомии то хориҷ намудан аз сафи курсантони Академияро тадбиқ менамоем.

OSH 4012Дигар масъалае, ки роҳбарияти Академияро ба ташвиш овардааст, омадани курсантон ба дарс бо автомобилҳои шахсӣ мебошад, ки нисбати ин масъала низ роҳбарияти Академия чораҳои заруриро андешида истодааст.
Ҳамзамон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., қайд кард, ки вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, содир кардани садамаи марговари нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ, ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки вобаста ба ин масъала низ диққати зарурӣ диҳед.
Дар охир ба волидони курсантоне, ки бо баҳои хубу аъло дар Академия таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи ВКД ва Академия фаъолона ширкат меварзанд, бо Сипоснома ва Раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...