Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи гурӯҳи кории илмӣ-тадқиқотӣ дар Академияи ВКД

47

Рӯзи 3-юми феврали соли 2018, дар шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати сардори шуъбаи мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Тошев А.М. ва гурӯҳи олимону тадқиқотчиён ҷаласаи корӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-психологӣ ва ҳуқуқии каҷрафторӣ дар байни ҷавонон дар шароити тағйирёбии ҷомеа», ки аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг гардонида шудааст, баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбари гуруҳи корӣ, номзади илмҳои фалсафа Ҷӯраев Р.З. оид ба нақшаи тақвимии соли 2018 барои тадқиқотчиён баромад намуд.
Боиси тазаккур аст, ки олимону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар ин самт корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, ният доранд, ки дар оянда низ ин мавзӯи муҳими тарбияи ҷавононро тақвият диҳанд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод гардид, ки дар пешбурди корҳои илмӣ дорои аҳамияти хоса маҳсуб меёбанд.
Асламов Б.С., муовини сардори факултети №2, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...