Такмили сифати таълиму тарбия дар факултети №6 Академияи ВКД
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ҳамчунин вохӯрӣ ва мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ, д.и.ҳ., профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо курсантону омӯзгорони Академия бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ сардори Академияи ВКД д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо аҳли курсантону омӯзгорони факултети №6 вохӯрӣ ва суҳбат гузаронид.
Дар вохӯрии мазкур сардори Академия таъкид намуданд, ки факултети №6 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. таъсис дода шуда, раванди таълиму тарбия дар ин факултет бояд ба куллӣ аз дигар факултетҳо фарқ намуда, ҳам омӯзгор ва ҳам курсанти он бояд намунаи ибрати дигарон дар либоспӯшӣ, дараҷаи дониш ва рафтор бошад. Ба сардори факултети мазкур номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Амрудинзода М.А. лозим аст, ки комилан кори факултетро дар сатҳи нав ва баланд бардорад, аз ҷумла риояи ҳатмии Оинномаҳо, аз ҷумла Оинномаи Академия, манъи истифоди телефонхои мобилӣ дар раванди дарс, манъи бо автомобил омадан ба муассисаи таълимӣ ва интизоми ҳарбӣ-хизматиро мунтазам ба танзим дарорад.
Аз вохӯрӣ ва мулоқот бо сардори Академия ҳайати шахсии факултет рӯҳбаланд гашта, дар бораи мустаҳкам намудани робита бо волидайн ва риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳодҳои мушаххас намуданд. Вохӯрӣ дар рӯҳияи баланд ва хусни тафоҳум ба анчом расида, ба такмили минбаъдаи таълиму тарбия дар факултети №6 мусоидат намуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.