Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили малакаи роҳбарии занон - кормандони ВКД

DSC01596Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №204 аз 24 апрели соли 2022 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030”, барои тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, бо дастуру супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 3 октябр то 15 октябри соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандзанони ВКД аз рӯи барномаи “Малакаи роҳбарӣ”, машғулиятҳои таълимӣ оғоз гардиданд.
Бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифода Файзали Раҳмоналӣ, рӯзи 3 октябри соли 2022 муовини аввали сардори Академияи ВКД полковники милитсия Насуриён П.А. ва сардори факултети №3, полковники милитсия Одиназода А.Ш., бо ин гурӯҳи шунавандагон вохурӣ гузаронида, ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти фаъол гардонидани нақши занон дар идоракунии давлатӣ барои солҳои 2023-2030 баён намуданд.
Тибқи дастури сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., барои дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани машғулиятҳо олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ, мутахассисони ботаҷрибаи вазорату кумитаҳои дахлдор ҷалб гардиданд.
Санаи 7 октябри соли 2022 аз тарафи сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон, Бухоризода Сафаргул вобаста ба шарҳу тавзеҳи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 машғулият гузаронида шуд.
Маъруфиён Б.Р., полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...