Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази таълимии ВКД

WhatsApp Image 2022-10-07 at 15.56.31Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо кӯшишҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Пешвои муаззами миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиаш, бахусус, дар асари дуҷилдаи эшон «Забони миллат - ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

Маҳз бо пайгириҳо ва кушишҳову ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 таҳия ва қабул гардид, қайд намуд сардори Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Назирбеков Б.Ҷ. дар конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ.
Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология Фарҳодова С., сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД, номзади илми педагогика, дотсент, полковники милитсия Давлатшозода А., роҳбарият, ҳайати шахсии Маркази таълимӣ ва шунавандагон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо баҳсҳои илмӣ дар атрофи таърихи забони тоҷикӣ ва қироати шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ аз ҷониби устодон ва шунавандагон ҷамъбаст гардид.

WhatsApp Image 2022-10-07 at 15.56.40
Сафарова Х., лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...