Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ дар Академияи ВКД
Бахшида ба ин санаи фархунда - Рӯзи забони тоҷикӣ дар Академияи ВКД як қатор чорабиниҳо: конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ, мизи мудаввар, вохӯриҳо бо шоирону нависандагон, олимон, маҳфилҳои илмии курсантон, озмунҳо ва ғайра баргузор гардиданд. Мақсади баргузор намудани чорабиниҳо, арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ ба омили асосии рушду камоли миллат ва давлат, бақои сунату фарҳанги миллӣ, яке аз унсурҳои муҳимми давлатдории миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ дар таърихи башар бебаҳотарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ маҳсуб меёбад. Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дари тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ба хиттаи ёдгориҳои арзишманди тамаддун ворид намуда, онро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ кард. Бо чунин мазмун мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлол ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ (тоҷикӣ), бо иштироки олимони соҳа – Тураҳасанов Абдуқодир доктори илми филология, устоди ДМТ, Дустзода Ҳамрохон- номзади илми филология, дотсент, устоди ДМТ, Маҷид Салим – номзади илми филология, барандаи Ҷоизаи адабӣ ба номи С.Айнӣ, Сулаймон Анварӣ – номзади илми филология, дотсент, устоди ДМТ, роҳбарияти Академияи ВКД, устодон ва курсантон баргузор гардид. Устодон дар мавзуъҳои гуногун - «Забон яке аз рукнҳои ташаккули миллат», «Забон-омили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ», «Забони тоҷикӣ ва истиқлоли кишвар», «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ», «Забони тоҷикӣ ва қудрати баёни Садриддин Айнӣ», суханронӣ намуда, аз ҷониби курсантони Академияи ВКД дар васфи забони ноби тоҷикӣ аз ашъори шоирони классику муосир шеърҳо қироат гардиданд. Иштирокчиёни чорабинӣ ба саволҳои сершумори хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия