Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи корӣ оид ба рушди илми Академияи ВКД

321123

Вобаста ба тағйиротҳои кадрӣ аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. ҷаласаи корӣ оид ба рушди илм дар Академияи ВКД баргузор гардид.
Раҳмадҷонзода Р.Р. иброз намуд, ки «яке аз рукнҳои муҳими фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табъу нашри осори илмӣ, монографияҳои илмӣ, иштироки фаъоли омӯзгорону курсантон дар кори конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва академиявӣ маҳсуб меёбад».
«Агар мо хоҳем, ки воқеан Академияро муаррифӣ намоем, бояд ба ин самти муҳими фаъолияти Академия сарҷамъона саҳми арзандаи худро гузорем, ҳар як чорабинии илмӣ бояд дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида шуда, хотирмон гардад. Ба кори конференсияҳо ҳар чӣ бештар мутахассисони самтҳои гуногуни илмро ҷалб намуда, шавқу завқи омӯзгорон ва курсантонро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудан лозим аст» - афзуд, Раҳмадҷонзода Р.Р.
Дар кори ҷаласа кормандони шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД фаъолона ширкат намуда, оид ба тақвияти минбаъдаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд. Ҷаласа дар руҳияи ҳамкории судманд ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ба рушди минбаъдаи илм дар Академия мусоидат намуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...