КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «СИЁСАТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Яке аз соҳаҳои мустақили илми кишвар, соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ватанӣ мебошад, ки маҳз дар замони истиқлолияти кишвар ба асосҳои бунёдии он заминаҳои воқеӣ гузошта шуда, аз доираи соҳаи фаъолияти амалӣ ба бахши муҳими илм мубаддал гардидааст. Дар ин ҷода нақши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мақоми шоиста дорад.
4 октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, бо ташаббуси Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва ҳамкории Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Рӯзи кормандони воҳидҳои оперативӣ» бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, олимону муҳаққиқони кишвар ва омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо хондани Суруди миллӣ оғоз гардид. Муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло иштирокчиёни конференсияро ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуда, қайд намуданд, ки: “Имрӯз мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки баъди талошу кӯшишҳои зиёд, таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба як давлати мустақил ва бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиб гардидем. Инчунин, қайд карданд, ки бешубҳа, вобаста ба муайян ва пурра сохтани мазмун ва муҳтавои сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар Консепияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррарот мушаххасан оварда шудааст: “ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчун фаъолияти муҳими мусоидаткунанда ба мурофиаи ҷиноятӣ, ки пинҳонӣ ва яктарафа анҷом меёбад, муносибат намуда, дар оянда ҷанбаҳои мурофиавии ин фаъолият коркард шуда, натиҷаи онро тибқи қоидаи далеловарӣ бо қонунгузорӣ ба расмият медарорад, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ мавриди истифода қарор дода шавад”.
Инчунин қайд намуд, ки дар самти амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ проблема ва мушкилиҳое зиёде мавҷуданд, ки аз масъулини соҳа нигоҳи касбӣ, таҳлилӣ ва тадқиқиро тақозо менамояд. Дар баромади худ Насуриён П. А., таваҷҷуҳи иштирокчиёни конференсияро ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳа ҷалб сохта, барои дар оянда мукаммалсозии қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешниҳодҳои худро иброз намуд.
Сипас, аз ҷониби модератори конференсия муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳматҷон иштирокчиёни конференсия муаррифӣ карда шуаданд:
Зоир Ҷурахон Маҷидзода Сарходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия, дар мавзӯи «Мактаби илмии доктори илмҳои ҳуқуқ Раҳимзода Р. Ҳ. – мактаби пешбари таҳқиқ ва омӯзиши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»;
Қодирзода Далер Сайфулло Декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, дар мавзӯи «Пажуҳиши масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар таълимоти олимони тоҷик: дар партави таҳқиқотҳои д.и.ҳ., профессор Раҳимзода Рамазон Ҳамро»;
Азиззода Ҳафиз Ҷабор Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор, дар мавзӯи «Заминаҳои илмию назариявии ташаккулёбии амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар шароити муосир»;
Давлатзода Комрон Давлат – Дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дар мавзӯи «Таҳқиқоти ҳуқуқӣ-ҷиноятии мафҳуми киберҷиноятҳо»;
Соҳибназарзода Манучеҳр Соҳибназар Ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили моликият, фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузории АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Сиёсати зиддикоррупсионӣ ва нақши чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Ҳамидзода Мирзоҳамид Рақиб Сардори зершуъбаи 1-уми шуъбаи 6-уми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, майор, дар мавзӯи «Сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Абдураҳмонзода Раҷамад Ашур Муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, полковник, дар мавзӯи «Унсурҳои таркибии низомӣ-сиёсии амнияти ҳарбӣ ва вазифаҳои онҳо»;
Самиев Назар Мурадович – Сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия, дар мавзӯи «Развитие оперативно-розыскной деятельности в целях обеспечения национальной безопасности Республики Таджикистан»;
Ҳазратзода Эҳтиром Ҳазрат Ваколатдори калони оперативии РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия, дар мавзӯи «Амали намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир»;
Абдурашидов Равшан Исозода – Сардори кафедраи Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник, дар мавзӯи «Сиёсати ташкилии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз мавқеи сарҳади давлатӣ»;
Назаров Сангалӣ Қурбоншоевич Нозири кафедраи иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсуси Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани хадамоти гумрук, дар мавзӯи «Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Қосимов Орзу Каримович Сардори шуъбаи Раёсати фаврию-низомии СРИҶҶ, полковники хизматӣ, дар мавзӯи «Роҳандозии дурусти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ – кафили таъмини амният дар ҷомеа»;
Файззода Авлиё Маҳмад Сардори Шуъбаи ташкили таҳлилии РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Асосҳои ташкил ва тактикаи пешгирии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Сафарзода Ҳаёт Сайдамир Профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ ва ташкилӣ-ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм»;
Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия, дар мавзӯи «Нақши РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон».
Тибқи барномаи конференсия, иштирокчиён аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати мудофиа; Вазорати корҳои дохилӣ; Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия; Хадамоти гумрук; Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ; Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир; Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мавзӯъҳои худ дар кори конференсия баромад намуданд.
Баромади иштирокчиён бо саволу ҷавобҳои зарурии мавзӯи конференсияи мазкур гузаронида шуда, баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи иштирокичиёни он якқатор пешниҳодҳо барои такмил додани қонунгузории сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.
Дар охири кори конференсия муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П. А., баромад намуда, қайд карданд, ки баргузор гардидани чунин конференсия дар мавзӯи баррасишуда боиси он мегардад, ки проблемаҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодоти мушахас дар самти мукаммалсозии қонунгузории соҳа манзур карда шаванд.
Ҳамзамон, пешниҳод мегардад, ки бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкории судманди мақомоти дахлдор чунин чорабиниҳо ба таври мунтазам дар минтақаҳои кишвар бо ҷалби кормандони мақомоти судӣ, прокуратура ва субъектони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор шуда, натиҷаи масъалаҳои баррасишуда дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гарданд.