Курси беҳтарин дар байни воҳидҳои таълимӣ-низомӣ
Яке аз самтҳои муҳими Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон ин назорати доимии раванди таълиму тарбия дар байни воҳидҳои таълимӣ-низомӣ аз ҷониби шуъбаи таълим махсуб меёбад. Таълиму тарбия ва ба воя расонидани насли ҷомеаи имрӯза масъулияти ҷиддиро аз аҳли ҷомеаи муосири Тоҷикистон талаб менамояд, зеро таълим ва тарбияи насли наврас аз оила ибтидо гирифта, то ба мустақилият қадам гузоштан эҳтиёҷ дорад.
Таълиму тарбияи курсантон қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Академияи ВКД маҳсуб меёбад. Соҳаи муассисаҳои таълимӣ бояд дар иҷрои ин амри муҳим нақши бештаре дошта бошанд. Таълиму тарбияи наврас дар Академияи ВКД дорои хусусият ва проблемаҳои хос буда, тадқиқоти амиқи доманадори илмӣ-педагогиро тақозо менамояд, барои амалигардонии он мо ҳамагон, аз ҷумла кормандони Академияи ВКД доимо бояд фаъол бошем.
Рӯзи 3-юми октябри соли 2022 дар ҷамъомади умумиакадемиявӣ дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши раванди таълиму тарбия курси 4-уми факултети №2 (сардори курс майори милитсия Самадзода Д., муовини сардори курс подполковники милитсия Файззода С.) ғолибиятро дар байни воҳидҳои таълимӣ-низомӣ ба даст оварда, соҳиби вимпели пешқадам гардиданд, ки аз ҷониби роҳбарият ботантана тақдим гардид.
Асламов Б.С., Убайдулоев Ш.Э.