Машғулият ба хотири тарбияи ҷавонон
Дар маҷлисгоҳи Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дарси таълимӣ-методии сардори шуъбаи мазкур полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид дар мавзӯи «Табиати ҳуқуқӣ - ҷиноятии терроризм ва экстремизм» бо курсантони курси 5 Факултети №4 Академияи ВКД (бо кароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд) баргузор гардид.
Дар ин машғулият ҳамчунин сардорони шуъбача ва гурӯҳҳои ШВКД дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Ҳадафи чорабинӣ воқиф намудани ҷавонон аз хатарҳои ҷаҳони муосир ба мисли экстремизму терроризм, баланд намудани савияи дониши курсантон дар самти муқовимат бо чунин ҷиноятҳо, пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуби ба амнияту суботи ҷомеа халал воридкунанда ва роҳнамоии ҷавонон ба тарзи ҳаёти солимро дар бар мегирифт.
Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд мавқеи милитсия дар мубориза бар зидди ҷинояткориро тавзеҳ дода, аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ перомуни мавзӯи матраҳгардида, ҳамзамон аз дастовард ва натиҷаҳои хизматии милитсияи маркази маъмурии вилоят ба ҳозирин маълумот дод. Илҳом Қосимзода зимни баромад бо мисолҳои воқеӣ дар хусуси баъзе аз ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои таъсири васеъи ҷамъиятидошта гузориш дод, ки бо мусоидати милитсия пешгирӣ ва бақайду ошкор карда шудаанд.
Ҳамчунин курсантони Академия вобаста ба шароити кориву хизматии милитсияи шаҳри Хуҷанд маълумот гирифтанд. Таъкид гардид, ки онҳо метавонанд барои таҷрибаомӯзӣ ё дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба ҳомиёни тартибот кӯмак намоянд. Зеро чунин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки пеш аз ҳама маҳорату малакаи донишҷӯён сайқал ёбад ва дар оянда ҳамчун мутахассис ба камол расанд.
Дар хотима байни курсантон ва сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд табодули афкор сурат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки чунин машғулиятҳои дарсӣ ҷиҳати таъсиррасонӣ ба омодагӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон, фаҳмонидани роҳу равиши фаъолияти амалӣ ба таълимгирандагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси мақомоти корҳои дохилӣ бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гузаронида мешавад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия