Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки мутахассисони Академияи ВКД дар онлайн конференсияи байналмилалӣ

IMG 20220930 12023930 сентябри соли 2022, дар Академияи идоракунии ВКД Россия бахшида ба 100-солагии Н.А. Стручков конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсати ҷиноятии Россия дар марҳилаи муосир: вазъият, тамоюлҳо, пешомадҳо» («Уголовная политика России на современном этапе: состояние, тенденции, перспективы (к 100-летию со дня рождения Н.А. Стручкова”) баргузор гардид, ки дар он намояндагони Академияи ВКД Тоҷикистон – муовини сардор оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. бо маъруза дар мавзӯи “Основы уголовно-процессуальной политики Республики Таджикистан” ва сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Арипов А.Л. дар мавзӯи “Личность обвиняемого как обстоятельство, подлежащее доказыванию в уголовном процессе” баромад намуданд.

IMG 20220930 120313Бояд гуфт, ки Николай Алексеевич Стручков (1922-1989) олим - ҳуқуқшиноси советӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-майори хизматӣ дохилӣ, Корманди шоистаи илми Федератсияи Россия ва мутахассиси ҳуқуқи ҷиноятӣ, хусусан ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ буд. А.С. Стручков муаллифи беш аз 300 корҳои илмӣ дар самтҳои криминология, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Олим дар таҳияи аксари асосҳои назариявии муосири ҳуқуқи иҷрои ҷазои Росся афзалияти бешубҳа дорад. Натиҷаҳои тадқиқоти ӯ дар тартиб додани «Асосҳои қонунгузории ислоҳӣ-меҳнатии ИҶШС” (с. 1969), кодексҳои ислоҳӣ-меҳнатии ҷумҳурияҳои иттифоқӣ (сс.1970-1971), инчунин меъёрҳои ҳуқуқии идоравии мақомоти иҷрои ҷазо назаррас мебошанд. Николай Сергеевич Стручков мактаби тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро ташкил намуда, 48 нафар номзадҳои илм тайёр кард, ки бисёрии онҳо баъдан рисолаҳои докториро низ ҳимоя намудаанд.

Программа Стручков 2909 page-0001

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД ҶТ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...