Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот бахшида ба рӯзи таъсисёбии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

29-уми сентябри соли равон, сардори шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД, подполковники милитсия Музаффарзода Баҳодур Зариф аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Донишкадаи мазкур табрик намуд.

IMG 4201Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи Техникуми геологӣ Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ташкил карда шуд. Таъсиси Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ба даврае пурталотум рост омад. Бо гузашти вақт теъдоди муҳассилини коллеҷ афзуда хоҳишмандони таҳсилкунанда дар ин муассисаи таълимӣ зиёд гардид. Ҳамзамон доираи фаъолияти коллеҷ низ васеъ шуда, бо биноҳои нави таълимӣ таъмин карда шуд. Бо назардошти ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд.
Бояд хотирнишон сохт, ки таҷлили ин ҷашн, далели эҳтироми баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм мебошад.
Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои олии таълимӣ аз лаҳзаи таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳазорон мутахассисонро омода намуда, садҳо хизматчиёни шинохта ва хизматгузори халқу миллатро ба камол расонидааст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки хатмкунандагони ин боргоҳи илму хирад на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ соҳиби эҳтиром буда, обрӯ ва нуфузи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.IMG 4188Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос бо Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Умедворем, ки чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ пайваста густариш хоҳанд ёфт.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...