Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани озмун дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД

OSH 174427 сентябри соли 2022 дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро озмуни «Донишмандони самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар байни муҳассилини муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2022 «Соли баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ» баргузор гардид.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани озмун бо фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи озмуни «Донишмандони самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» санаи 5 сентябри соли 2022 ба тасвиб расонида шуд.
Вобаста ба тадбиқи фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода ҳайати комиссия ва шартҳои гузаронидани озмуни «Донишмандони самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муайян карда шуд.
Дар озмуни мазкур намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии гуногуни ҷумҳурӣ, аз қабили донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб ва курсантони факултетҳои дахлдори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.OSH 1738
Ифтитоҳи озмун бо хондани Суруди миллӣ оғоз гардид. Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон иштирокчиёни озмунро ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - даргоҳи илму маърифат хайрамақдам намуда, қайд намуданд, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳо, бахусус дар байни ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст, ки ҳамаи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.
Сипас, аз ҷониби раиси комиссия муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон аъзоёни комиссия дар ҳайати зерин ба иштирокчиёни озмун муаррифӣ карда шуданд: муовини сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Аҳтамшозода Саидмуҳаммад Аҳтамшо, муовини раиси комиссия; аъзоёни комиссия: Сафарзода Ҳаёт Сайдамир – профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия; Ҳасанзода Наврӯз Эгам – муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия; Мирзозода Умед Сафар – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитан; Комилзода Зариф Комил – муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия ва намояндагони дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.
Ба ҳайси котибони комиссия: Холзода Бахтиёр Мулло – сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машварати шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия; Алимзода Достон Алим – муаллими кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия баромад намуданд.
Модераторони озмун: Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия; Раҷабалиён Абдулҳаким Раҷабалӣ – муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия интихоб гардиданд.
Аз ҷониби модераторони озмун, иштирокчиёни озмун муаррифӣ карда шуданд. Ба самъи иштирокчиён шартҳои озмун расонида шуд. Модераторон қайд намуданд, ки ғолибон иштирокчиёне эътироф карда мешаванд, ки холи умумии онҳо аз рӯйи ҷавоб ба саволномаи тестӣ, билет ва саволҳои иловагӣ аз ҳама зиёд бошад. Дар сурати баробар шудани холҳои иштирокчиён, барои муайян намудани ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз тарафи аъзои ҳакамон дар доираи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, берун аз билетҳои пешниҳодгардида, саволҳои иловагӣ пешниҳод менамоянд.
Иштирокчиён пеш аз оғози чорабинӣ тариқи қуръапартоӣ рақамгузорӣ карда шуданд ва дар озмун бе ифшои ному насаб ва алоқамандӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок карданд.
Озмун се давраро дар бар гирифт.
OSH 1843Дар давраи аввал пешниҳоди саволу ҷавобҳои тестӣ ба иштирокчиёни озмун сурат гирифт. Иштирокчиёни озмун худ саволномаи тестиро аз мизи пешниҳоди саволномаҳо интихоб карданд. Саволномаи тестӣ аз 20 савол бо ҷавобҳояш ба 21 нафар иштирокчиёни озмун пешниҳод гардид.
Ҳангоми бо саволномаҳои тестӣ кор кардани иштирокчиёни озмун, модераторони озмун бо аҳли толор оид ба пур кардани фоторобот (барқарор кардани расми пешниҳодшуда) мусобиқаи зеҳнӣ гузарониданд. Аз толор 2 нафар хоҳишмандон дар мусобиқа иштирок карданд ва ду расми порагардида ба онҳо пешниҳод карда шуд. Шарти асоси ин буд, ки иштирокчиёни хоҳишманд зудтар расмро пурра ва бе хато ҷамъ кунад. Иштирокчиёни хоҳишманд шартро иҷро намуда, аз ҷониби раиси комиссияи озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар давраи дуюм пешниҳоди саволҳо ба иштирокчиёни озмун тариқи гирифтани як билет, ки як савол дорад ва додани ду саволи иловагӣ аз тарафи ҳакамон сурат гирифт. Саволҳои билет дар тахтаи электронӣ ба маърази умум гузошта шуданд.
9 нафар иштирокчиёне, ки дар давраи дуюм роҳхат гирифтанд ба саволи билетҳо ҷавоб доданд ва аз тарафи ҳакамон аз 1 то 5 холгузорӣ карда шуданд.
Аз 9 нафар иштирокчиёни даври дуюм, 3 нафар иштирокчӣ, ки холҳои нисбатан баландро сазовор гардиданд ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Иштирокчиёни давраи сеюм ба саҳна баромада як билетӣ гирифтанд. Ба иштирокчиёни даври сеюм аз ҷониби аъзоёни комиссия се саволи иловагӣ пешниҳод карда шуданд.
Баъд аз гузаштани давраҳои озмун, ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 озмун аз ҷониби Раиси комиссия расман эълон карда шуд:
Ҷойи якум насиби курсанти курси 5 факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти милитсия Мирахмедов Табрез Абдуллоевич;
Ҷойи дуюм насиби донишҷӯи курси 4 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Забиров Шоҳрух Фаррухович;
Ҷойи сеюм насиби курсанти курси 4 Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаторӣ Насриддинзода Насриддин Бурҳон.
Аз ҷониби Раиси комиссия ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 дипломи дараҷаи 1, 2, ва 3 супорида шуд. Инчунин барои ташкил ва баргузор гардидани озмуни мазкур ба намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сипоснома ва ба иштирокчиёни фаъоли дар озмун аз ҷониби Раиси комиссия ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Дар фарҷоми озмун раиси комиссия муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон ба ҳар як иштирокчии озмун саломативу шодкомӣ ва дар донишандӯзӣ муваффақиятҳои беназир ва бурдбориҳоро таманно намуд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...