Таассуроти курсантон аз намоишномаи театрӣ
Дар Академияи ВКД дар баробари ба курсантон омӯзонидани барномаи таълимӣ анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои навбунёд ё иншоотҳои дар замони истиқлолият бунёдгардида ҷалб намуда, ҷаҳонбинӣ ва маърифати фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд.
Бо дастуру супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, санаи 27-уми сентябри соли ҷорӣ курсантони Академияи ВКД ва омȳзгорон бо роҳбарии муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайъати шахсӣ полковники милитсия Шарифзода М.С. ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ рафта, мазҳакаи «Баъди мурдан хоҳ биёӣ хоҳ наё»-ро тамошо намуданд.
Намоишномаи театрӣ доғу найрангҳои зиндагиро дар худ таҷассум намуда, дар хислати персонажҳо хело зинда инъикос гардид.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.