Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти тарбиявӣ ба курсантони Академияи ВКД

IMG 8724Барои беҳтар намудани сифати таълими назариявӣ бо истифода аз фаъолияти амалӣ тибқи дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи тартибдодаи ВКД ҳайати роҳбарикунандаи МКД аз ҳисоби сардорони шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои мақомот ба курсантони Академияи ВКД машғулияти дарсӣ ва мулоқоти таҷрибавӣ мегузаронанд, ки ҳадаф таъсиррасонӣ ба омодагии кадрҳо, фаҳмонидани роҳу равиши фаъолияти амалӣ бо истифода аз донишҳои назариявӣ мебошад.
Ҳамингуна машғулияти дарсиро дар мавзӯи “Идеяи миллӣ такягоҳи устувори ҷомеа” муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Олимҷон Бурҳониён дар остонаи соли нави хониш бо курсантони курсҳои болоии Факултети рақами 4-уми Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд гузаронид. Таъкид гардид, ки давлат ба ҷавонони соҳибмаълумоту ояндадор, ватандӯсту хештаншинос ниёз дорад, ки дар ҳар лаҳза тавонанд аз ватани худ дифоъ намуда, ободкору парчамбардор бошанд.
Дар ҷараёни суҳбати озод дар баробари изҳори андеша аз фаъолияти амалӣ, зикри хатарҳои нави халалдоркунандаи тартибот ва амнияти ҷомеа, шеваи муқовимати милитсия бо ҷинояткорӣ ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, тартиби бақайдгирии ҷиноят ва ошкорсозии он, ҷамъоварии далел ва исботи гуноҳ вобаста ба ҷинояти содиршуда, ҳамзамон дар бораи хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми давлатдорӣ ва сулҳу осоиш, иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳангоми адои вазифа ва уҳдадории хизматӣ ба донишҷӯён маълумот дода шуд. Доштани андешаи солим, расидан ба қадри кишвари соҳибистиқлол, хидмати бошарафона ба мардум, эҳтирому муҳаббати Ватан ва худшиносиву худогоҳӣ мавзӯъҳое буд, ки зимни мулоқот таваҷҷуҳ карда шуд.IMG 8728
Дар ҷараёни машғулият курсантон бо пешниҳоди савол доир ба мавзӯъҳои ироагардида дар муҳокимаронӣ фаъолона иштирок намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки курсантони Академия баъди хатми муассисаи олии таълимӣ ҳамчун мутахассиси қобилиятнок сафи милитсияи тоҷикро пур намуда, ҳуқуқу манфиатҳои давлату ҷомеаро ҳимоя хоҳанд кард.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...