Қабули Савганд аз ҷониби курсантони Академияи ВКД
Сарчашмаи асосии ҳуқуқ нишон медиҳад, ки ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас барои кулли шаҳрвандон ба шумор рафта, ҳама дастаҷамъона дар ҳифзи он, ҳам кормандони МКД, дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳар як шахси ватандӯст ба таври фаъол иштирок намоянд. Хизмат дар МКД низ ин яке аз намудҳои ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ва Савганди хеш мебошад. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният ин вазифаҳое, ки дар назди кормандони МКД гузошта шуда, ба ташаккули ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Матни Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.1995 таҳти №167 тасдиқ гардидааст.
Дар асоси дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, 24-сентябри соли ҷорӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ., сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., роҳбарият ва ҳайати шахсии Академия ва волидайни курсантон маросими тантанавии қабули Савганди курсантони курси якум баъд аз гузаштан аз давраи машқҳои таълимӣ-саҳроӣ баргузор гардид.
Маросимро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. оғоз намуда, Суруди миллии Тоҷикистон ба таври зинда хонда шуд. Баъд аз воридшавии Байрақи Академия сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар баромадаш аз номи Вазири корҳои дохилӣ курсантонро ба муносибати Рӯзи қабули Савганд самимона шодбош намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки дар шароити ҳозира низ милитсия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганд дар сафҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор дорад. Имрӯз шаклҳои ҷинояткорӣ мураккаб шуда истодаанд, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра, ки ҳар чӣ зиёд аз кормандон дониш, малака ва маҳорати касбӣ талаб менамояд. Савганд – ваъда, қасами ботантанаи риояи садоқат ба Ватан, ифодаи вазифаи олии маънавии инсон дар чамъияти демократӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан курсантон дар фазои тантанавӣ Савганд қабул намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби курсантони курси якум машқҳои якҳарба ва тактикӣ намоиш дода шуд.
Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.