Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмунҳои Академияи ВКД

OSH 9309

Бо мақсади муайян намудани курсантони боистеъдод ва қобилияти баланди зеҳнидошта дар байни курсантони факултети №2 ва 6 Академияи ВКД, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 аз фанҳои таълимии «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» дар курси якум, «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар курси якум, «Ҳуқуқи ҷиноятӣ» дар курси дуюм, «Ҳуқуқи маъмурӣ» дар курси дуюм, «Ҳуқуқи гражданӣ» дар курси сеюм ва «Мурофиаи ҷиноятӣ» дар курси чорум озмунҳо гузаронида шуд. Озмунҳо дар се давра - давраи аввал аз тарафи омӯзгорони фанҳои таълимӣ дар байни гурӯҳҳои таълимӣ гузаронида шуда ба давраи дуюм аз фанни «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» 55 нафар, аз фанни «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 53 нафар, аз фанни «Ҳуқуқи ҷиноятӣ» 32 нафар, «Ҳуқуқи маъмурӣ» 25 нафар, аз фанни «Ҳуқуқи гражданӣ» 27 нафар ва аз фанни «Мурофиаи ҷиноятӣ» 32 нафар курсантон роҳ ёфтанд. Давраи дуюми озмунҳо дар шакли тестӣ гузаронида шуд.

Дар давраи сеюм яъне ҷамъбастӣ аз фанни «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» 6 нафар, аз фанни «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 нафар, аз фанни «Ҳуқуқи ҷиноятӣ» 8 нафар, «Ҳуқуқи маъмурӣ» 8 нафар, аз фанни «Ҳуқуқи гражданӣ» 8 нафар ва аз фанни «Мурофиаи ҷиноятӣ» 7 нафар курсантон иштирок намуданд, ки дар шакли саволу ҷавоб гузаронида шуда ғолибон муайян гардиданд.

OSH 9337Натиҷаи озмунҳо чунин ҷамъбаст гардиданд:
аз фанни «Назарияи давлат ва ҳуқуқ»
Ҷойи якум - милитсияи қаторӣ Худобахши Исломиддин - курсанти курси 1 (гр. 101)
Ҷойи дуюм - милитсияи қаторӣ Расулов Давлатҷон Амонбоевич - курсанти курси 1 (гр. 101)
Ҷойи дуюм - милитсияи қаторӣ Рустамзода Ҷонибек Рустам - курсанти курси 1 (гр. 106)
Ҷойи сеюм - милитсияи қаторӣ Бобоева Назира Анваровна - курсанти курси 1 (гр. 101)
аз фанни «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҷойи якум - милитсияи қаторӣ Расулов Давлатҷон Амонбоевич - курсанти курси 1 (гр. 101)
Ҷойи дуюм - милитсияи қаторӣ Рустамзода Ҷонибек Рустам - курсанти курси 1 (гр. 106)
Ҷойи дуюм - милитсияи қаторӣ Холов Муҳаммад Холмаҳмадович - курсанти курси 1 (гр. 104)
Ҷойи сеюм - милитсияи қаторӣ Муродов Сино Мусоевич - курсанти курси 1 (гр. 106)
аз фанни «Ҳуқуқи маъмурӣ»
Ҷойи якум - сержанти хурди милитсия Зоиров Шаҳриёр Шодиевич - курсанти курси 2 (гр. 204)
Ҷойи дуюм - сержанти хурди милитсия Юсупов Саидшох Маҳмадризоевич - курсанти курси 2 (гр. 205)
Ҷойи сеюм - милитсияи қаторӣ Раҷабов Хайём Муҳабатуллоевич - курсанти курси 2 (гр. 204)
аз фанни «Ҳуқуқи ҷиноятӣ»
Ҷойи якум - милитсияи қаторӣ Назришоев Зоиршо Тоиршоевич - курсанти курси 2 (гр. 205)
Ҷойи дуюм - милитсияи қаторӣ Мирсадиқов Рухсатҷон Воизович - курсанти курси 2 (гр. 202)
Ҷойи сеюм - сержанти хурди милитсия Зоиров Шаҳриёр Шодиевич - курсанти курси 2 (гр. 204)
аз фанни «Ҳуқуқи гражданӣ»
Ҷойи якум - сержанти хурди милитсия Содиқи Сипеҳр Муҳамадҷонзода - курсанти курси 3 (гр. 310)
Ҷойи дуюм - милитсияи қаторӣ Нурмадзода Исмоилҷон Нурмад - курсанти курси 3 (гр. 303)
Ҷойи сеюм - сержанти хурди милитсия Зокирзода Аминҷон Исмоилҷон - курсанти курси 3 (гр. 303)
Ҷойи сеюм - милитсияи қаторӣ Муминзода Амирҷон Мирзоалӣ - курсанти курси 3 (гр. 304)
аз фанни «Мурофиаи ҷиноятӣ»
Ҷойи якум - сержанти хурди милитсия Муродов Фарҳод Ғайратович - курсанти курси 4 (гр. 404)
Ҷойи дуюм - сержанти хурди милитсия Абдуллоев Саидшоҳ Баҳромшоевич - курсанти курси 4 (гр. 406)
Ҷойи сеюм - сержанти хурди милитсия Шарифзода Меҳрубон - курсанти курси 4 (гр. 406)
Ҷойи сеюм - сержанти хурди милитсия Кучарзода Сунатулло Равшан - курсанти курси 4 (гр. 407).
Каримзода У.К., муовини сардори факултети №2, н.и.ҳ., подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...