Тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар хориҷи кишвар
Дар Академияи Хадамоти давлатии зиддисухтории Вазорати мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи офатҳои табиии Федератсияи Россия имтиҳонҳои дохилшавӣ барои довталабоне, ки ба адъюнктураи факултети кадрҳои илмӣ-педагогӣ дохил мешаванд, ба анҷом расид.
Дар давоми ду ҳафта шунавандагон аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз фалсафа, забонҳои хориҷӣ ва фанҳои махсус аз рӯйи ихтисосҳои интихобшудаи илмӣ имтиҳонҳои дохилшавиро супориданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои имтихонҳои қабул ва интихоби конкурс ба адъюнктураи Академия 11-нафар афсарон ба таҳсили рӯзона тавсия карда шуданд. Аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсили рӯзона 8-нафар шунавандагон, инчунин намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавсия карда шуданд, ки дар қатори онҳо:
1) иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, полковники милитсия Муминиён А.А.;
2) дотсенти кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, майори милитсия Саидзода Ф.М.;
3) омӯзгори кафедраи бехарӣ аз сӯхтори факултети №5, капитани милитсия Ҳазратзода Ҷ.Т.
4) омӯзгори калони кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулоддаи факултети № 5, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т.;
5) омӯзгори калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, лейтенанти калони милитсия Муродзода С.С.;
6) сардори курси воҳиди низомии факултети №6 Академия, лейтенанти калони милитсия Хоҷамуродзода Ф.
Қобили зикр аст, ки бо қабули намояндагони мо ба ин муассисаи таълимии бонуфуз дар таърихи Академияи ВКД Тоҷикистон саҳифаи нав боз шуд, зеро то ин дам на дар Академияи ВКД ва на берун аз он тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ монда нашуда буд. Ин далели эътимоди баланди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ махсус барои мутахассисони Академияи ВКД мебошад ва мо боварии комил дорем, ки намояндагони мо худро бо сарбаландӣ муаррифӣ намуда, интизориҳоро ба ҷо меоранд.
Роҳбарият ва тамоми ҳайати шахсии Академияи ВКД ба онҳое, ки нав дохил шудаанд ва дар шахсияти онҳо тамоми намояндагони худро, ки берун аз ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, дар рохи душвори донишҳои илмӣ барори кор, пешрафту фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш ва сарбаландию сарфарозиро орзу менамояд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр