Вохӯрӣ судманд бо ҳайати омӯзгорон ва курсантон
Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ҳамчунин амалӣ намудани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори факултети №6, н.и.ҳ., подполковники милитсия Амруддинзода М. бо ҳайати омӯзгорон ва курсантони факултети мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур сардори факултети №6 н.и.ҳ., пополковники милитсия Амруддинзода М. иброз намуд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Вазири корҳои дохилӣ тамоми шароитҳои таҳсил дар Академия фароҳам оварда шудаанд, бинобар аз курсантон танҳо талаб карда мешавад, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.
Ба сардорони кафедраҳои факултети №6 супориш дода шуд, ки курсантонро ба кори «Ҷамъияти илмии курсантон» ва гузаронидани озмунҳо аз фанни ФОҶ ҳар чӣ бештар ҷалб намоянд. Ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки сифати таълиму тарбияро дар байни курсантони факултет пурзӯр намоянд.
Вохӯрӣ дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, дар самти таълиму тарбия ва корхои илмӣ дар факултети мазкур нақши худро гузошт.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.