Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси амалӣ бо курсантони Академияи ВКД

OSH 8644Барои дар амал табиқ намудани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., 8-уми сентябри соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Гурез Дастагул Қурбоналӣ ба курсантони курси 4-уми факултети №2 ва №6 машғулияти дарсӣ гузаронида шуд.

Мавзӯи дарс «Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгароии динӣ» унвон дошта, перомуни ин ва дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯз, аз ҷумла, роҳу усулҳои ҷадиди ҷалб ва шомил намудан ба равияҳои тундрав ва пешгирӣ аз ин унсурҳои номатлуб ба курсантон маълумот дода шуд. Ҳамчунин, дар раванди машғулият ва суҳбати озод дастовардҳои даврони Истиқлолият ва мавзӯъҳои ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон алоқаманд матраҳ гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки даврони тиллоиро зоеъ нагузаронида, дар пайи омӯзиш бошанд, то ин ки дар оянда ҳамчун мутахассис ба камол расида, ба халқу Ватан хизмат намоянд.
Донистани таърихи миллат ва эҳтиром гузоштан ба он, интихоби тарзи ҳаёти солим, содиқ мондан ба касби интихобнамударо муовини сардори Раёсат ба курсантони Академияи ВКД таъкид намуда, иброз дошт, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷавонон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои роҳнамоӣ қобилияти ҷавонон заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ба самти тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар идома байни курсантон ва муовини сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Гурез Дастагул Қурбоналӣ муколамаи пурсишу посух ҷараён гирифт.

OSH 8638
Каримзода У.К.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...