Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои назарраси курсантони Академияи ВКД дар чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ

DSC00651Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони муосири омодасозии кадрҳои баландихтисоси риштаи ҳуқуқшиносӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Саъю талош ва кӯшишҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати профессорону омӯзгорон маҳз ҷиҳати дар амал татбиқ гаштани сиёсати давлатӣ дар ин самт равона карда шудааст, ки аз дастуру супоришҳо ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Бояд қайд намуд, ки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии таълимӣ буда, дар баробари омода намудани мутахассисони касбӣ, ҳамзамон масъулияти омода намудани мутахассисони илмӣ ва илмӣ-педагогиро низ бар уҳда дорад. Яъне метавон гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳам бошад пешбурди корҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ мебошад, ки самараи хуб ба бор оварда истодааст.
15 апрели соли 2022 дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул озмуни умумироссиягӣ оид ба кори илмии беҳтарин барои муассисаҳои таълимии олӣ дар мавзӯи “Фаъолияти нозирони минтақавии ваколатдории политсия” (Деятельность участковых уполномоченных полиции”) баргузор гардид, ки дар он курсантони Академияи ВКД Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Дар номинатсияи “Масъалаҳои амаликунии вазифаҳои нозири минтақавии ваколатдории политсия дар иҷро намудани баъзе амалҳои тафтишотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, курсанти курси 4 факултети № 2 Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Наимов У.М. сазовори ҷойи 1 ва Диплом гардид.
Инчунин, дар озмуни байналмилалӣ барои таҳқиқоти илмии беҳтарин байни курсантон ва шунавандагони муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД/Политсия дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи муқовимат бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои нав” (Международно-правовое сотрудничество в области противодействия новым вызовам и угрозам), ки дар ш. Барнаул 15 апрели соли 2022 баргузор гардид ва ташкилкунандаи он Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул буд, курсанти курси 4 факултети № 2, сержанти хурди милитсия Комилзода Т.Ҳ. дар номинатсияи “Батартибдарории байналмилалӣ-ҳуқуқии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон” ғолиб баромад.
Ғайр аз ин, дар озмуни байналмилалии таҳқиқотҳои илмии курсантон дар мавзӯи “Фаъолияти ҷузъу томҳои таҳқиқ” (“Деятельность подразделений дознания”), ки дар ш. Екатеринбург, 15 апрел-30 майи с. 2022 баргузор гардида буд, Кучарзода С.Р. - курсанти курси 4 факултети № 2 дар номинатсияи “Ташкил намудани фаъолияти ҷузъу томҳои таҳқиқ” (“Организация деятельности подразделений дознания”) бо таҳқиқоти илмӣ дар мавзӯи “Теоретико-правовые основы процессуального статутса дознователя” ҷойи якум бо дипломи дараҷаи 1 сазовор гашт. Ташкилкунандаи озмун – Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россияи Урал дар ш. Екатеринбург буд.
Дар қатори курсант-писарон, курсант-духтарони Академияи ВКД низ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо баромадҳо фаъолона иштирок мекунанд. Инак, курсанти курси 3 факултети № 2, сержанти хурди милитсия Мусоева Фурӯғ дар мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи “Формирование интеркультурной коммуникации средствами русского и иностранного языков”, ки 14 апрели с. 2022 дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Уфа баргузор гардид, бо маърӯза дар мавзӯи “Культура речи сотрудников милиции” баромад намуда, соҳиби сертификат гардид.
19 майи с. 2022 бошад, курсанти курси 4 факултети № 2, сержанти хурди милитсия Раҷабова Гулшан бо баромади худ дар мавзӯи “Профилактика конфликтов в пенитенциарной системе” дар 14-умин конференсияи байналмилалии донишҷӯён дар мавзӯи “Молодежь, наука, цивилизация”, ки ташкилкунандаи он Донишкадаи Сибирии ҳуқуқшиносии ВКД Россия (ш. Красноярк) буд иштирок намуда, соҳиби сертификати иштирокчӣ гардид.

2022-09-13 11-59-482022-09-13 12-00-14

235325235236

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД ҶТ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...