Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Иди Истиқлолияти давлатӣ

OSH 8369

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7-уми сентябри соли 2022 дар толори фарҳангӣ бо иштироки сардори Академия д.и.ҳ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Иди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

OSH 8339

Чорабиниро бо маърӯзаи муфассал сардори Академия д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд: « Хушбахтона 9- сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1- сол муқаддам аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. Он замони мураккаб ёдовар мешавад Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд». Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикон 27- июни соли 1997 ба арзиши гаронбаҳо, яъне ваҳдати миллӣ соҳиб гаштанд. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуд».

OSH 8402

OSH 8434

Фармони Вазири корҳои дохилӣ аз ҷониби муовини сардори Академия Шарифзода М. оид ба рутбаҳои нави низомӣ мушарраф гардидани кормандон, ба нафақа гусел намудан, фармоиши сардори Академия оид ба ҳавасмандгардонии кормандон фаъол, қарори Шӯрои олимон оид ба унвони профессори фахрии Академияи ВКД мушарраф гардидани д.и.ҳ., полковники милится Назарзода Н.Ҷ. қироат гардид.
Сипас Раҳмонзода А.-муовини аввали директори ИОМОА Академияи миллии илмҳо дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар барқарор намудани Истиқлолияти давлатӣ», Бойзода Ҷ.-дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар Паёми Пешвои миллат, Эмомназар У.- курсанти курси 5–уми факултети №6 дар мавзӯи «Накши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолият», Шарифзода М. дар мавзӯи «Накши милитсияи тоҷик дар таҳкими Истиклолият» маърӯзаҳои илмӣ намуданд, ки хеле пурмазмун буданд.
Дар кисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки дастаи корманд-ҳаваскорони Академия, ҳунарпешахои номии ҷумҳурӣ Сангалӣ Мирзоев, Толиб Абдуллоев, гурӯҳи «Ғарибшо-компания» пешкаши ҳозирин гашт, ки муҳтавои он тараннуми арзишҳои миллӣ, дӯстию бародарӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ буд.

OSH 8546

 

Асламов Б.С.,Сафарзода С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...