Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили китобхонӣ дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ

image-06-09-22-03-33-1Аз 15 август то 24 сетябри соли 2022 дар қисми ҳарбии 6592 Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-саҳроии курсантони курси 1 Академияи ВКД баргузор гардида истодааст. Бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари он, ки курсантони Академия аз тамринҳои сафороӣ то машқҳои тактикии ҳарбӣ бархурдор шуда истодаанд, ҳамчунин ташкили китобхонӣ низ ба роҳ монда шудааст. Зеро омодагии ҳаматарафаи курсантон дар ин ҷамъомад зери назорати шахсии сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки тибқи реҷаи тасдиқ гардидаи сардори Академия ҳамарӯза як соат барои курсантон вақти китобхонӣ ҷудо карда шудааст ва курсантон бо хондани китобҳои бадеӣ захираи луғавии хешро бой намуда, ғизои маънавӣ мегиранд.

Сардори ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ,
майори милитсия
Нуруллозода М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...